23:20 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Аломати роҳи пиёдагузар, акс аз бойгонӣ

Ҳамидаи 3-сола хост аз роҳ гузарад: 4 садамаи маргбор дар 2 рӯзи гузашта

© Sputnik / Александр Кряжев
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
950 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз 4 садамаи маргбор дар роҳҳои кишвар хабар додааст, ки рӯзҳои 13 ва 14 июл рух доданд

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, 14 июли соли равон тахминан соати 03:45-дақиқа, Юсуф Юсуфов, ронандаи 37-солаи  “Хундай-Элантра”, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Ваҳдат-Рашт-Лахш”  пиёдагарди 20-соларо зер кардааст.

Ронандаи мошини мазкур ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти ноҳияи Файзобод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Шехқурбонов Муҳаммадҷон, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Ваҳдатро зер кардааст. Дар натиҷа пиёдагард Шехқурбонов дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

ВУД афзуд, ки инчунин 13-уми июли соли 2019, тахминан соати 21:50, Сулаймон Ҳасанов, ронандаи 38-солаи “ДЭУ сиэло” ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Леваканд ба самти шаҳри Бохтар пиёдагарди шахсияташ номаълумро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаи марказии шаҳри Леваканд ба ҳалокат расидааст.

Садамаи дигари маргбор 14-уми июли соли 2019, тахминан соати 08:30 дар ҳудуди шаҳри Исфара рух додааст.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Одинаев Маҳмадраҳим Раҷабович, соли таваллудаш 1962, сокини ноҳияи Зафаробод, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Х.Алиеви шаҳри Исфара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол Аскарализода Ҳамида, соли таваллудаш 2016, сокини ҷамоати деҳоти Х.Алиевро, ки аз тарафи рости роҳ ба тарафи чапи роҳ мегузашт, пахш намудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Бар асоси иттилоияи ВУД, Аскарализода ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст.

ВУД инчунин иттилоъ дод, ки 13-уми июли соли 2019, тахминан соати 21:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Раҷабов Беҳрӯз Азамҷонович, соли таваллудаш 1981, сокини деҳаи Меҳрободи ноҳияи Ашт, бехатарии ҳаракатро таъмин накардааст, ки боиси марги ҳамдеҳааш шудааст.

Манбаъ мегӯяд, Раҷабов пушти чанбари “Мерседес”  ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳааш бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба дучархарони тамғаи “Скутер”, Мирзоқулов Алиҷон Ашӯралиевич, соли таваллудаш 1970, сокини деҳаи Меҳробод, ки дар як самт аз пеш ҳаракат мекард, бархӯрдааст.

“Дар натиҷа, дучархарон Мирзоқулов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расидааст. Мусофири дар дучарха буда, Мирзоқулова Гулноза Турғунбоевна, соли таваллудаш 1970, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ гардидааст”, - омадааст дар иттилоия.

ВУД таъкид кард, ки феълан таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ

  • Озода Раҳмон, роҳбари дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

    Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон хабар дод, ки Озода Раҳмон, раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ дар бахши таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният бо пешниҳоди Шӯрои Маҷлиси мазкур, мақоми ҷадид гирифтааст

    3100
  • Мулоқоти раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

    Раисҷумҳури Русия унвонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъватнома барои иштирок дар 75 - умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ирсол намудаст.

    733
  • Мошини БДА

    Додгоҳи ноҳияи Шаҳринав кашмакаши як ронандаи солхӯрда бо нозири роҳро, ки навори он ба интернет роҳ ёфта буд, баррасӣ карда, ронандаро ба андозаи беш аз 38 ҳазор сомонӣ ҷарима баст

    619