13:41 27 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.16
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
580 0 0

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҷароҳат бардоштани ду нафар пиёдагард ҳангоми садамаи нақлиёти бо иштироки ронандаи ноболиғ, хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад,ки ронандаи ноболиғ, бе шаҳодатномаи ронандагӣ, дар назди меҳмонхонаи "Сино" ба мошине, ки дар канори роҳ беҳаракат исода буд, бархӯрдаст.

Дар натиҷаи ба автомашина бурхӯрдан, ду ҷавонписари дигар, ки дар канори роҳ истода буданд, низ ҷароҳат бардоштанд. 

Бар хабари манбаъ, санаи 18- уми июли соли равон  тахминан соати 08:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Лексус-250", Сафаров Искандари 13- сола , сокини шаҳри Душанбе, бе шаҳодатномаи ронандагӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт аз кӯчаи Шевченко ба самти кӯчаи Ҳуснобод, дар назди меҳмонхонаи "Сино" аз ӯҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи "Лексус", ки дар канори қисми мошингузари роҳ беҳаракат меистод, бархурдааст. 

ВУД: дар ду садамаи нақлиётӣ, ронанда ва мусофир ҷон доданд

Ҳамзамон бар замми ин ду нафар ҷавонписарони пиёдагардро, ки дар қисмати канори роҳ меистоданд, зада аз пой меафтонад, ки ҳар ду бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бистарӣ карда шудаанд.

Ҳамидаи 3-сола хост аз роҳ гузарад: 4 садамаи маргбор дар 2 рӯзи гузашта

Дар натиҷаи ин садамаи нохуши нақлиётӣ, ки боиси зарари ҷисмонӣ бардоштани ду ҷавонписар ва зарари техникӣ гирифтани воситаҳои нақлиёт гардидааст, нисбати ронандаи ноболиғ барои вайрон намудани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудани воситаи нақлиёт маводҳои лозима тартиб дода шуда, таҳқиқ идома дорад.

Барчаспҳо:
ҷароҳат, ноболиғ, мошин, садама, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ