23:12 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Похороны в Таджикистане, архивное фото

Ҷасади Абдуҷалол, қурбонии муноқишаи марзӣ ба хок супорида шуд

© Стас Этвеш
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1072 0 0

Ҷасади омӯзгор, Абдуҷалол Қароеви 52 сола, ки бегоҳии дирӯз бар асари муноқишаи марзӣ аз зарби тир дар тарафи гуши росташ кушта шуд, соати 10-и имрӯз, 23-уми июл дар қабристони Ворух ба хок супорида шудааст

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Содиқҷон як сокини деҳаи Ворух дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки Абдуҷалол Қароев то чанд соли пеш, омӯзгори фанни математика ва ҷонишини мудири мактаби № 23 дар Ворухи Исфара кор мекард. Ӯ, солҳои охир, зиндагиашро аз ҳисоби фаъолияти соҳибкорӣ пеш мебурд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков
© Фото : Пресс-служба президента Таджикистана

“Дирӯз, тақрибан соатҳои 16: 00  буд, ки қирғизҳо муноқишаро сар карда ба сангзаниву тирпарронӣ гузаштанд.  Мутаасифона, тир ба тарафи гӯши рости Абдуҷалол расидааст, ки дар натиҷа ӯ кушта шудааст”, гуфт, Содиқҷон.

Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон: як кушта ва 16 захмӣ

Бино ба гуфтаи шоҳидон, муноқишаи марзӣ аз пушти насби парчамҳо сурат гирифтааст. Сокинону масъулони Ворух, дар остонаи ташрифи раисиҷумҳур ба шаҳри Исфара, мехостанд, роҳу кӯчаҳоро тозаву ҳамвор намуда, парчамҳоро дар симчӯбҳои ҳудуди ин ҷамоати Ворух насб кунанд, вале барои ин кор қирғизҳои Оқсой монеъгӣ кардаанд. Ин хархаша, баъдтар ба сангпартоӣ табдил ёфтаву ҷониби  қирғизҳо ба тирандозӣ гузаштаанд.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон, низ дар бораи рухдоди муноқишаи марзии бегоҳии 22-уми июл миёни Ворухи Тоҷикистон ва Оқсойи Қирғизистон аз хабар додаанд. Дар иттилоъияи мақомоти амнияти Тоҷикистон гуфта мешавад, ки дар паи ин таниши марзӣ, 17 нафар аз сокинон, ки дар миёни онҳо як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳам будааст, аз сангзанию тирпарронии ҷониби қирғизҳо захмин шуда, аз ин ҳисоб Абдуҷалол, собиқ омӯзгори мактаби деҳа ба ҳалокат расидааст.

Зимнан онҳое, ки дирӯз дар муноқишаи марзӣ аз зарби сангу тир захм  бардоштаанд, дар шӯъбаи ҷарроҳии бемористони марказии ҷамоати Ворух интиқол дода шудаанд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на открытии в Душанбе новой школы
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Аммо Иқбол Тешаев, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара иттилоъ додааст, ки бо гузашти як рӯз аз рухдоди муноқиша, роҳи миёни Исфара-Ворух, ки аз марзи Қирғизистон мегузарад, баста буда, сарҳадбонони қирғиз,  барои убури мошини ёрии таъҷилии тиббӣ ба Ворух иҷоза надодаанд.

Ҳоло сокинони Ворух мегуянд, даҳҳо тан аз наздикону пайвандонашон дар Исфара, дар роҳ сӯи Ворух банд мондаанд. Сарҳадбонони қирғиз барои убури онҳо ба манзилҳояшон иҷоза намедиҳанд.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон бо пахши як изҳороти расмӣ, рухдоди ин ҳодисаи ахир ва он ҳам дар остонаи сафари сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба Ворухро, амали иғвоангезонаю моҷароҷуёнаи баъзе аз сокинони қирғиз маънидод кардаанд.

Бино ба иттилоъи расмӣ, субҳи рӯзи сешанбеи 23-уми июл Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба Ворухи Исфара сафар карда, ҳамроҳ бо ҳамтои худ, раиси вилояти Ботканд, барои ба эътидорл овардани вазъ дар марз якҷо гуфтушунид доранд.

Коршиносони масоили марзӣ таъкид меварзанд, рухдоди чунин муноқишаҳои марзӣ дар арафаи воқеаҳои муҳим, баёнгари он буда метавонад, ки доираҳое дар пушти ин кор истодаанд ва ин ноамнсозиҳоро ба зиммаи худ гирифтаанд.

Неъматулло Мирсаидов коршиноси масоили марзӣ мегуяд, аз рухдоди ин гуна танишҳои марзӣ собит мешавад, ки гурӯҳҳое манфиатдори ба эътидол овардани вазъи назди марзӣ нестанд.

“Чаро ҳамингуна низоъҳои марзӣ ҳамеша, дар минтақаи байни Ворух-Оқсой, Хоҷаи аъло - Кӯктош дар арафаи ягон воқеаи муҳим рух медиҳанд? Пайваста рух додани чунин низоъҳо дар арафаи воқеаҳои муҳими сиёсӣ дар ҳаёти ду кишвар, ду халқ,  моро баъзе вақт ба андешае водор месозад, ки қуввае ҳаст, ки махсус ҳамин корро ба зиммаи худаш гирифтааст ва аз рӯи фармоиш дар ин самт кор мекунад. Барои ин тоифа амнияти марзу мардум аҳамият надорад”, - таъкид кард Мирсаидов. 

Баъди пошхурии иттиҳоди Шӯравӣ, масъалаи тақсими марз ба яке аз проблемаҳои умдаи ҷумњурињои Осиёи марказӣ  боқӣ монд ва то кунун ин мушкил ҳамчунин ҳалношуда боқӣ мондааст. Навоҳии вилояти Суғди Тоҷикистон, ки шимоли ин  кишвар маҳсуб мешавад бо Қирғизистон ҳамсарҳад аст, вале хатти марз, барои сокинони ин ду кишвар то ба имрӯз  муайяну мушахас нашудаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди  970 километр марзи муштарак доранд, ки 50 % и он ҳанӯз  аломатгузорӣ нашудааст. Чунин номуаянӣ  боиси ҳар лаҳза низову бархурдҳо миёни сокинони оддӣ ва сарҳадбонони ин ҷумҳуриҳо мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ

  • Озода Раҳмон, роҳбари дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

    Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон хабар дод, ки Озода Раҳмон, раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ дар бахши таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният бо пешниҳоди Шӯрои Маҷлиси мазкур, мақоми ҷадид гирифтааст

    3081
  • Мулоқоти раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

    Раисҷумҳури Русия унвонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъватнома барои иштирок дар 75 - умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ирсол намудаст.

    717
  • Мошини БДА

    Додгоҳи ноҳияи Шаҳринав кашмакаши як ронандаи солхӯрда бо нозири роҳро, ки навори он ба интернет роҳ ёфта буд, баррасӣ карда, ронандаро ба андозаи беш аз 38 ҳазор сомонӣ ҷарима баст

    606