17:24 15 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Самолет на закате, архивное фото

Нишасти изтирории ҳавопаймо дар киштзор баъди парвоз аз фурудгоҳи Жуковский

© CC0 / Pixabay
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
342 0 0

Бар асари нишасти изтирорӣ дар дохили ҳавопаймо оташ сар задаст. Ҳамаи 234 мусофири ин ҳавопаймо ҷон ба саломат бурданд

ДУШАНБЕ, 15 авг - Sputnik.  Ҳавопаймои А-321-и ширкати "Уралский авиалиний" дар наздикии деҳаи Рибинскии канори Жуковский фуруди изтирорӣ анҷом додаст, хабар медиҳад сомонаи РИА Новости.

Бар хабари манбаъ, ҳавопаймо самти Симферопол парвоз дошт ва  бар асари бархӯрдани парранда ба муҳаррики ҳавопаймо он оташ гирифт.

Халабонҳои  ин ҳавопаймо маҷбур шуданд дар мобайни киштзор нишасти изтирорӣ намоянд.

 

Зимнан қайд мешавад, ки оташсӯзиро дар дохили ҳавопаймо дар кӯтоҳтарин фурсат хомӯш намуданд ва ҳамаи 234 мусофир бо шумули 6 кӯдак ва 4 ҳайати халабонҳо ҷон ба саломат бурданд.

Муайян гардидаст, ки миёни мусофирон талафати ҷонӣ ба қайд гирифта нашудаст ,вале ду нафар мусофир, ки ҷароҳати вазнинтар гирифтанд ба беморхонаи Раменский интиқол дода шуданд.

Дар Фахробод ҳавопаймои "Ан-2" ба садама дучор шуда як сарнишини он ҷон аз даст додаст

Феълан мусофирони ин ҳавопаймо дар киштзори ҷуворимакка қарор доранд ва дар ҷойи ҳодиса 20 гурӯҳи кормандони ёрии таъҷилӣ ва ду чархбол фаъолият мебаранд.

Зимнан хабар дода мешавад, ки ба ҷойи садама гурӯҳи кормандони тафтишотӣ низ сафарбар шудаанд.

Барчаспҳо:
изтирорӣ, нишаст, ҳавопаймо, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ