14:50 04 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.64
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
132 0 0

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон эълон намуд, ки ҷустуҷӯи ҷасади сайёҳи рус, ки ба дарёи Хингоб афтодааст, идома дорад

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Ба иттлои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, эълон кард, ки ҷасади Ирина Третякова сайёҳи рус, ки рӯзи 13 август дар ҳудуди ноҳияи Сангвор ҳангоми гузаштан аз пул ба дарёи Хингоб афтодааст, идома дорад.

“Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯзи ҳафтум аст, ки ҷасади  Ирина Третяковаи 60-соларо меҷӯянд, вале то ҳол аз ӯ нишоне пайдо нест”, — таъкид намудааст Кумита.

Манбаъ ёдовар шудааст, ки Ирина Третякова ҳамроҳ бо панҷ нафари дигар аз Русия ба Тоҷикистон ба саёҳат омадааст. Чор тани онҳо шаҳрвандони Русия ва як нафар сокини шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон мебошанд.

Савори қутос: хатсайри нави гардишгарӣ дар Мурғоб

Третякова Ирина Олеговна, соли таваллуд 1959, Колпаков Александр Василевич, соли таваллуд 1988, Колпаков Алексей Александрович, соли тавалуд 1988, Ретман Георгий Гиоргевич, соли таваллуд 1941 ва  Ким Виктория Семёновна,  соли таваллуд 1962 сайёҳоне мебошанд, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ номи онҳоро дар сомонаи расмияш нашр намуд.

Ҳ)амзамон манбаъ қайд намудааст, ки ҳоло кормандони вазорату идораҳои дахлдор ба макони ҳодиса сафарбар гардидаанд ва ҷустуҷӯи ҷасади ин сайёҳ идома дорад.

Барчаспҳо:
КҲФ Тоҷикистон, дарё, ҷасад, сайёҳони рус, сайёҳ, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ