03:17 26 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.44
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
122 0 0

Пас аз рух додани ин ҳодиса, шоҳидони ҳол ба макони садама фавран кормандони ёрии таъҷилиро даъват намуданд, вале пизишкон натавонистанд ҷони кӯдаки тоҷикро наҷот диҳанд

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Ба иттилои Вазорати умури дохилаи Доғистон, садамаи маргбор рӯзи 27 - уми августи соли равон дар роҳи мошингарди Хосовюрт-Тлох рух додаст.

Ба иттилои манбаъ, ронандаи 20 - сола як кӯдакро, ки шаҳрванди Тоҷикистон будаст  ва ҳамроҳ бо хонаводааш аз хатти пиёдагузар мегузаштанд бо мошинаш зер кардаст.

Ронандаи "КИА-Бонго" пиёдагарди 4 соларо зер кардаст

Ҳарчанд шоҳидони ҳодиса фавран мошини ёрии таъҷилиро даъват намуданд, вале кӯдак бо бароштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ҷон дод.

Садамаи мудҳиши 18 муҳоҷири тоҷик, ки аз Русия ба Ватан бармегаштанд

ВУД Доғистон меафзояд, ки феълан ронандаи автомашинаи тамғаи Lada Priora, сокини деҳаи Артлухи ноҳияи Казбек боздошт гардидааст. 

Барчаспҳо:
тоҷик, кӯдак, ҳалокат, садама, Доғистон

Мавзӯъҳои асосӣ