04:58 24 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Фельдшер станции скорой медицинской помощи

Шаҳрванди 34 солаи тоҷик пас аз фавти кӯдаки 2 моҳааш дар Русия даст ба худкушӣ зад

© Sputnik / Алексей Сухоруков
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
767 0 0

Дар Балашиха кӯдаки 2 моҳа аснои хӯрдани шири модар нафасгир шуда ба ҳалокат расид. Пас аз ин ҳодиса падари 34 - солаи ӯ низ даст ба худкушӣ зад

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Ҳодисаи нохуш дар хонаводаи шаҳрванди Тоҷикистон шаби 7 - уми октябр рух додаст, хабар медиҳад Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Маскав.

Бар хабари ин ниҳод, кӯдаки 2 моҳа аснои хӯрдани шири модар нафасгир шудаст. Ҳарчанд падараш фавран пизишкони ёрии таъҷилиро даъват намудааст, вале табибон натавонистанд ҷони кӯдакро наҷот диҳанд. Онҳо муайян намуданд, ки тифт ҳинни хӯрдани шири модар гулӯгир шуда ҷон аз дат додаст.

Қаҳрамонии муҳоҷири тоҷик: наврасеро наҷот дод, ки мехост худкушӣ кунад

Сипас, ба нақли ҳамсояҳои ин хонавода, падари кӯдак пас аз чанд лаҳза дигарбора кормандони ёрии таъҷилӣ ва пулисро даъват намудааст. Аммо интизори омадани онҳо нашуда, худро аз ошёнаи болоии бинои истиқоматӣ ба замин партофта, худкушӣ намудаст.

Пешгирӣ аз ҳодисаи худкушӣ: ҷавони 25- сола хост худро ба рӯди Сурхоб партояд

Гуфта мешавад, шаҳрванди Тоҷикистон муддати 12 сол дар Балашиха  зиндагӣ ба сар бурда, ҳатто шаҳрвандии русиро доштаст.

Дар назар аст, ҷасади падару писар ба Тоҷикистон интиқол дода шуда, дар ватан ба хок супорида мешаванд.

Барчаспҳо:
Тоҷикистон, шаҳрванд, кӯдак, ҳалокат, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ