07:30 09 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Девушка в наручниках, архивное фото

Пулҳои сокини Восеъ, ки ба бонк бовар накарда дар сандуқ нигоҳ дошт, тӯъмаи дузд шуданд

© Sputnik / Стас Этвеш
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1712 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти сокини 31 - солаи Ноҳияи Восеъ хабар медиҳад, ки аз сандуқи ҳамсояи худ беш аз 7 ҳазор сомонӣ ба яғмо бурдаст

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Сокини 31 - солаи ноҳияи Восеъ ба бонкҳои ҷумҳурӣ бовар накарда, пасандози худро дар сандуқи чӯбин дар манзили зисташ пинҳон кардаст.

Бонки хонагии ин сокини ноҳияи Восеъ низ чандон боэътимод набуда, аз ҷониби ашхоси номаълум мавриди ғорат қарор гирифтаст.

Зимнан, номбурда ба Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Восеъ бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намудаст.

Қаллобӣ: тасарруфи 60 000 сомонӣ ва бо роҳи фиреб соҳиб шудан ба мошини "Тойота-Кемри"

Ба гуфтаи ӯ рӯзи 11 - уми ноябри соли равон, тахминан соати 10:00 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили сандуқи чӯбин 7 ҳазору 200 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд.

Ба кормандони пулис муяссар гардид, ки ба гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ, зани 31 - солаи сокини ҳамин ноҳияро боздошт намоянд.

Боздошти навраси 18- сола бо гумони дуздии маблағ, телефон ва соати дастӣ

Гуфта мешавад, аз номбурда далели шайъӣ гирифта шудаст. ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
пул, дуздӣ, Восеъ

Мавзӯъҳои асосӣ