09:12 30 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
168 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар ноҳияи Ёвон хабар дод, ки бо марги духтарчаи 12-сола анҷомидааст

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Ба иттилои ВУД, садама 6-уми март, тахминан соатҳои 06:30-дақиқа дар шафати беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон рух додааст.

"Ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Назаров Тоҳирҷон Саидҷонович, соли таваллудаш 1997, сокини деҳаи Сарқамиши ҷамоати деҳоти Ғ.Юсуфоваи ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи А.Ҷомӣ ба самти ҷамоати деҳоти Даҳана дар рӯ ба рӯи беморхонаи марказии ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Фаридаи Маҳмадзариф, соли таваллудаш 2008, сокини кӯчаи А.Ҷомиро пахш намудааст", - омадааст дар иттилоия. 

Чароғаки роҳнамои солҳо хомӯш баъди шикоятҳо фаъол шуд

Манбаъ афзуд, дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид намуд, ки феълан таҳқиқи ҳодисаи мазкур идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ