14:32 03 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
663 0 0

Ожонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон аз боздошти як корманди андоз дар ноҳияи Зафаробод хабар медиҳад, ки дар гирифтани пора муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Мирзобек Муродов дар вазифаи мутахассиси пешбари Нозироти андоз дар ноҳояи Зафарободи вилояти Суғд кор карда истода, даст ба ҷиноят задааст.

Манбаъ мегӯяд, номбурда санаи 22 феврали соли ҷорӣ аз роҳбари Хоҷагии деҳқонии “А” шаҳрванд “Б” барои ба манфиати хоҷагии мазкур ҳал намудани санҷиши андоз маблағи 21000 сомонӣ талаб намуд.

 “Худи ҳамон рӯз, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Муродов М.Б. баъди аз шаҳрванд “Б” гирифтани маблағи 21000 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ў ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд”,-афзудааст манбаъ.

Ожонсӣ гуфтааст, нисбати Муродов Мирзобек бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Ин дуввумин ҳолати боздошти кормандони андоз давоми як моҳи ахир мебошад.

Қаблан Оҷонсии мубориза бо фасод  ду корманди андоз дар Хатлонро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт кард, ки аз як соҳибкори маҳаллӣ 10 ҳазор сомонӣ талаб кардаанд.

Мақомоти андоз: қарзи Алимардоновҳо дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 1,5 миллион сомонӣ нест

Ба иттилои Ожонсӣ боздоштшудаҳо Расулов Акбаралӣ, муовини сардори шуъбаи Нозироти андоз дар шаҳри Бохтар кор карда истода, бо мутахассиси ҳамин Нозирот Ҳотамов Тоҷидин аз рӯӣ маслиҳати пешакӣ  бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт аз шаҳрванд Сангов Д.С., ки дар шаҳри Бохтар ба фурӯши масолеҳи сохтмонӣ машғул буд, бо роҳи фиреб маблағи 10000 сомонӣ талаб намуданд, ки дар натиҷа боздошт гаштанд.

 

 

Барчаспҳо:
андоз, боздошт, пора, Ожонси мубориза бо фасод, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ