12:28 09 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
123101

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як ҳодисаи нохуш хабар медиҳад, ки ҷавони 27 - сола аз теги амаки худ ба ҳалокат расидаст

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Ҳодисаи мазкур санаи 12-уми майи соли 2020, тахминан соати 10:00 дақиқа дар шаҳри Турсунзода рух додааст, хабар медиҳад котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, марди 57-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҷ.Раҳмонови шаҳри Турсунзода бо ҷиянаш ҷавони 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 1-маротиба ба қафаси синааш задааст. 

Сохтмоне, ки поёнаш бо куштор анҷомид: коргарро ба қатл расонидаю пеши хона гӯр кардаанд

Манбаъ меафзояд, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
"Сипас, гумонбаршаванда бо мақсади даст ба худкушӣ задан, бо корд 1-маротиба ба бадани худаш задааст", - омадааст дар хабар.

ВУД мегӯяд, дар натиҷа, худи ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
худкушӣ, ҷиян, куштор, Турсунзода

Мавзӯъҳои асосӣ