07:41 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
913 0 0

Як навраси 13 солаи шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз беэҳтиётӣ дар руди Ғунд афтодаву нопадид шудааст

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Бино ба иттило сомонаи расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, ҳодиса рӯзи 15-уми май тахминан соати 16:20 дақиқа рух додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, сокини 13-солаи ҷамоати шаҳраки Шоҳтемури шаҳри Хоруғ аз беэҳтиётӣ ба дарёи Ғунд сарозер мешавад ва ғарқ мегардад.

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷаи корҳои ковтуковӣ аз тарафи наҷотдиҳандагони Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи вилоят то соати 19:20 дақиқа идома ёфта, ҷасади номбурда дарёфт нагардид ва бо торик шудани ҳаво наҷотдиҳандагон корро қатъ намуданд.

“Рӯзҳои 16 ва 17-уми май корҳои ҷучтуҷӯи ҷасад аз сар гирифта шуданд, вале ҳамоно он нопайдост”,-афзудааст манбаъ.

Кумитаи мегӯяд, ҳамчунин санаи 16 май низ як сокини 22-солаи шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт аз пули мошингузари мавзеъи Сари Пул худро ба оби пурталотуми Сурхоб андохт ва ба ҳалокат расид. 

Худкушӣ ё ҳодисаи нохуш: дарёфти ҷасади сокини 48 - солаи Бадахшон аз рӯди Ғунд

Қаблан низ дар пайи боронҳои шадид ду сокини 55 ва 65-солаи ноҳияи Хуросон дар сел ғарқ шудаву, ҷасади яке нопадид шуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як бори дигар таъкид кардааст, ки дар чунин рӯзҳои сербориш худро эҳтиёт кунанд.

Барчаспҳо:
КҲФ, фавт, наврасон, Хоруғ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ