02:12 24 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
103 0 0

Кормандони милитсия ноболиғи 17 - сола, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори дуздӣ дастгир намуданд

ДУШАНБЕ, 13  июн — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ошкоршавии ҷинояти дуздӣ дар шаҳри Кӯлоб хабар доданд.

Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилӣ, ба ШВУД дар шаҳри Кӯлоб  марди 50 - сола, сокини маҳаллаи 20-солагии Истиқлолият шаҳри мазкур бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намуд.

Ба изҳори ӯ,  санаи 9 - уми июн, тахминан соати 19:30-дақиқа шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1 ҳазор сомонӣ, 3 ҳазор рубли руссӣ, ва ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 

Боздошти хоҳарон ва духтар барои ғоратаи мағозаи тилло: аз Ҳисор ба Панҷакент барои дуздӣ

Гуфта мешавад, зарари расонидашуда 13 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Зимнан, кормандони милитсия ноболиғи 17 - солаи сокини ҷамоати деҳоти Зарбдори ҳамин шаҳр, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори дуздӣ дастгир намуданд

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
боздошт, ноболиғ, дуздӣ, Кӯлоб

Мавзӯъҳои асосӣ