02:24 22 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.27
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
156 0 0

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз дарёфти ҷасади ҷавоне аз қаъри об хабар медиҳад. Марҳум 22 сол доштааст

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Раёсати ҷустуҷӯӣ ва наҷоти КҲФ дар ҷараёни роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ ҷасади сокини 22-солаи деҳаи Оби шифои ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакиро аз қаъри об берун оварданд.

"Ин ҷавон дар ҷойҳои мамнуъ барои оббозӣ шиноварӣ мекард ва аз риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар об ғарқ шуд. Вақте ғаввосони Раёсат ин хабарро дарёфт карданд, шитобон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд ва ба ҷустуҷӯ оғоз карданд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки соате пас ҷасади марҳум пайдо ва ба пайвандонаш супурда шуд. 

Садамаи мудҳиш дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд : ду роҳгузар ҳалок ва як тан бистарӣ шуд

Бино ба гузориши КҲФ, зарфи шаш моҳи соли равон 34 нафар дар об ғарқ шудаву ҷони худро аз даст додаанд, ки 16 нафари онҳо ҷавонони 17-35-сола мебошанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдоварӣ мекунад, ки ҳангоми истироҳат ҳамеша қоидаҳои бехатариро риоя кунанд ва ҷони худу ҳамроҳонарон дар хатар нагузоранд.

Барчаспҳо:
ҷавон, ҷасад, дарёфт, КҲФ ҶТ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ