05:16 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
901 0 0

Агентии зидди фасод дар Тоҷикистон аз боздошти як корманди суди шаҳри Ҳисор хабар додааст, ки дар гирифтани пора муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik.  Бино ба иттилои дафтари матбуотии Агентӣ боздоштшуда Собирзода Зайдулло Фозил судяи Суди шаҳри Ҳисор мебошад.

Тибқи иттилои манбаъ,  номбурда дар ин вазифа кор карда истода, ҳамчун шахси мансабдор аз шаҳрванд “А” барои нисбаташ таъин намудани ҷазои сабуктар маблағи 30000 сомонӣ ҳамчун пора талаб намудааст.

Манбаъ мегӯяд, Собирзода санаи 12 апрели соли 2020 маблағи 10000 сомониро пешакӣ гирифта, оварда додани боқимондаи онро талаб намуд.

“Санаи 14 апрели соли 2020 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ–тафтишотӣ Собирзода З.Ф. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 20000 сомонии боқимонда дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд” ,- афзудааст манбаъ.

Боздошти корманди андоз: барои ҳалли санҷиши андоз 21 ҳазор сомонӣ гирифтааст

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Собирзода Зайдулло Фозил бо моддаи 319 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ