12:16 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
525201

Кормандони пулиси ноҳияи Восеъ аз боздошти як зан хабар медиҳад ки дар “шантаж”-и марди 53 сола муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати умури дохилии кишвар бо чунин ҷурм Шералиева Саида, сокини маҳаллиро боздошт кардаанд, ки бо ифшои маълумотҳои беобрӯкунанда як нафар сокини ҳамин ноҳияро таҳдид намуда, маблағҳои пулӣ ба даст овардааст.

“Дастгиршуда бо як нафар сокини 53 сола ҳамхобагӣ намудаву пас аз чанд рӯз ӯро таҳдид менамояд, ки агар 12 ҳазор сомонӣ оварда надиҳад, ӯро беобрӯ мекунад” ,-афзудааст манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, бо ҳамин усул Шералиева аз марди 53 сола марҳила ба марҳила 12 ҳазор сомониро гирифтааст.

Гуфта мешавад, боздоштшуда зимни бозпурсӣ иқрор шудааст, ки ин амалашро барои ба даст овардани маблағ кардааст.

ВУД мегӯяд, айни ҳол нисбат ба шералиева парвандаи ҷиноӣ боз гашта, тафтишот идома дорад.

Пул надиҳӣ беобрӯят, мекунам: "шантаж"-и се зани оиладори деҳотӣ аз сӯи як ҷавон-видео 

Қаблан мақомот аз боздошти ҷавонон хабар дода буд, ки пас аз шиносоӣ бо телефон ва интернет аз ҷавонзанон ва духтарон бо усули "шантаж" пул гирифта буданд. 

Аммо ин нахустин ҳолат аст, ки зан аз мард бо роҳи таҳдиди интишори маълумоти беобрӯкунанда пул меситонад.

Мавзӯъҳои асосӣ