14:00 26 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
681 0 0

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз сарозер ва нопадид шудани “Мерседес Бенс” бо ронанда ва мусофиронаш дар дарёи Варзоб хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Ҳодиса рӯзи 18 августи соли равон 55 километр дуртар аз шаҳри Душанбе дар шоҳроҳи  Душанбе – Хуҷанд рух додааст.

Тибқи иттилои муовини сардори Раёсати шуъбаи бехатарииширкати IRS Зикриё Олимов мошини сабукрави тамғаи “Мерседес Бенс”, ки аз вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе дар ҳоли ҳаракат буд, ногаҳон аз масири аслӣ хориҷ ва ба дарёи Варзоб сарозер шуд.

Фоҷиа дар ноҳияи Ҷомӣ: марги чор сокин баъди баргаштан аз ҷаноза

Манбаъ ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки мошин ба умқи дарё рафт ва аз назарҳо нопадид шуд.

Ба ҷои ҳодиса сардори шуъбаи Кумита дар ноҳияи Варзоб ва дастаи наҷотдиҳандагони Кумита сафарбар карда шуданд.

"Дар километри 54-уми шоҳроҳ аз дохили дарё ҷасади 2 нафар марди шахсияташон номаълум пайдо шуд ва онҳоро ба мақомоти дахлдор супурданд. Ҷустуҷӯ идома кард, вале аз мошин ва ронандаву мусофирони он хабаре нашуд", - омадааст дар хабарнома.  

Манбаъ афзуда, ки сабаби сарнагунии мошин ба дарё маълум нест. Эҳтимол меравад ба иллати суръати баланди ҳаракат ронанда онро натавонистааст идора кунад.

Барчаспҳо:
мусофирон, ронанда, мошин, сарозершавӣ, сарозер, Варзоб

Мавзӯъҳои асосӣ