10:30 27 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
149 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов хабар медиҳад, ки дар дуздии чорвои падараш ва ҳамдеҳагон муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik.  Бино ба гузориши Акбар Шариф, сухангӯи Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Суғд боздоштшуда Рустам Абдураҳмонови 24 сола сокини шаҳраки Меҳрободи ноҳия ба гумони дуздӣ боздошт гаштааст.

Ба иттилои манбаъ, номбурда дар силсиладуздиҳо давоми моҳҳои июл ва август гумонбар дониста мешавад, ки аз чапдастиҳояш сокинон зарар дидаанд.

Ба иттилои манбаъ боздоштшуда чорвоҳои калони шохдорро шабона аз заминҳои сокинони деҳаҳои Ғулакандоз ва дуздида дар бозорҳо бо нархи нисбатан арзон фурӯхтаву ба эҳтиёҷоташ сарф мекардааст.

Манбаъ мегӯяд боздоштшуда дар шаш лаҳзаи дуздӣ гумонбар шуда, сетои он дуздии панҷ сар чорвои калони шохдор мебошад.

“Рустам Абдураҳмонов аввал як сар гови падарашро дуздидаву фурӯхта, пасон ба чорвои бегонагон дастдарозӣ кардааст”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад ӯ ҳамзамон дар дуздии телефони мобилӣ, насоси обкашӣ ва хошоки чорво муттаҳам мешавад.

Зарари ба аҳолӣ расонидааш наздик ба 30 ҳазор сомонӣ гуфта мешавад.

Боздошти ҷавони 25 сола ба гумони дуздӣ: Ӯ хазинаи “Рахш” ва “Ғалаба”-ро холӣ кард

ВУД мегӯяд нисбат ба гумонбаршуда парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
дуздӣ, боздошт, Ҷаббор Расулов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ