22:05 29 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
17301

Тоҷикистон дар раддабандии "Индекси ҷаҳонии инноватсия-2020" нисбат ба соли гузашта  нуҳ зина поин рафтааст

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Рейтинги нави "Индекси ҷаҳонии инноватсия-2020", ки рӯзи гузашта аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ нашр шуд, Тоҷикистон дар зинаи 109 қарор гирифтааст.

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта дар ин раддабандӣ кишвар дар мақоми 100 қарор дошт.

Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мақоми баландтаринро Қазоқистон ишғол кардааст,  ки дар зинаи 77-ум қарор гирифтааст. Ӯзбекистон дар ҷои 93,  Қирғизистон дар ҷои 94 ва Туркманистон бошад ба рейтинг шомил нашудааст. Русия дар ҷойи 47-ум қарор дорад.

Ба панҷгонаи садри раддабанд Швейтсаария, Шветсия, ИМА, Британияи Кабир ва Нидерландия шомил шудаанд.

Дар зинаи охири раддабандӣ бошад  Яман Гвинея ва Маянма қарор гирифтаанд.

Рейтинги ҷаҳонӣ барои 131 кишвари ҷаҳон аз рӯйи 80 нишондиҳандаҳо аз қабили  теъдоди дархостҳои патент то арзиши таҳия ва татбиқи навовариҳо таҳия мешавад.

Суръати интернет тезтар шудааст: Тоҷикистон дар раддабандии нави “Speedtest Global Index”

Ёдовар мешавем раддабанди сар аз соли 2007 ҳамасола аз ҷониби консорсиуми Донишгоҳи Корнелл (ИМА), Мактаби иқтисодии INSEAD (Фаронса)ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ таҳия мешавад мешавад.

Барчаспҳо:
илм, поин, рейтинг, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ