22:12 04 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
364 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати духтарчаи чорсола хабар медиҳад, ки зери чархи “Мерседес-Бенс”-и боркаш мондаст

ДУШАНБЕ, 12 Ноябр - Sputnik. Бино ба иттило дафтари матбуотии вазорат, ҳодисаи мудҳиш рӯзи гузашта, тахминан соати 17:00 сар задааст.

Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи боркашии тамғаи “Мерседес-Бенс”, Солеҳов Ҳамза Хайруллоевичи 20-сола, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди деҳаи Бедаки ноҳияи Панҷ, зимни ба қафо ҳаракат кардан хурдсол Зукурёзода Гулмоҳ Сироҷиддин, соли таваллудаш 2016, сокини ҷамоати деҳоти Меҳвари ноҳияи Панҷро пахш намудааст.

Манбаъ мегӯяд, мутаассифона, хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳалокати Фаридаи ноболиғ зери чархи "Мерседес" дар пеши беморхона

ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Барчаспҳо:
ноболиғ, фавт, садама, Панҷ, Хатлон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ