18:25 18 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
630001

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар зимни баргузории маҷлиси ҳукумат, ки дирӯз доир гашт, дар баробари дигар масъалаҳо ба омодагӣ барои зимистонгузаронӣ низ ишора кард

ДУШАНБЕ, 28 ноябр - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти президент, Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷасала, ба аъзои ҳукумати кишвар ҷиҳати иҷрои саривақтии қарору фармоишҳои ҳукумат барои таъмини кори муназзами муассисаҳои тандурустӣ ва маорифу фарҳанг, таъминоти босифат ва саривақтии аҳолӣ бо барқу гармӣ дастуру супоришҳо додааст.

Ҳамзамон раисҷумҳур барои дар сатҳи баланд гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021, захираи маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ, пеш аз ҳама дар муассисаҳои иҷтимоӣ, инчунин дар ҳолат хуби омодагӣ нигоҳ доштани роҳҳо ва тамоми иншооти энергетикӣ дастур додааст.

Президент ба ҷамъоварии беталафи ҳосили боқимонда, махсусан пахта ва дар маҷмуъ назорати қатъии фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат махсусан таъкид кардааст.

“Барқи тоҷик”: маҳдудият нест, санҷиши профилактикӣ аст

Ёдовар мешавем маҳдудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистон чандест идома дорад. 

Қарзи "Барқи тоҷик" ба 154 миллион доллар расид

Барфу сардиҳои ахир ин маҳдудиятро мушкили рақами аввали мардум гардонидааст, аммо масъулини ширкати "Барқи тоҷик" то кунун расман инро шарҳ надодаанд.

Барчаспҳо:
гармӣ, барқ, дастур, президент, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ