06:45 23 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
143903

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рухдоди як садама мудҳиши нақлиётӣ хабар медиҳад, ки дар пайи он панҷ нафар ба ҳалокат расиданд

ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik.  Тибқи иттилои дафтраи матбуотии ин ниҳод, садама санаи 1-уми декабри соли 2020, тахминан соати 20:30-дақиқа дар роҳи автомобилгарди "Душанбе-Бохтар-Панҷи-поён" рух додааст.

Ба иттилои манбаъ,  ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Зефира", Мирзоев Шарифҷони 21-сола сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди "Душанбе-Бохтар-Панҷи-поён", дар ҳудуди деҳаи П.Поён қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон карда, ба автомашинаи тамғаи "Дэу-Нексия", таҳти идораи ронанда, Қаноатов Абдурафии 43-сола сокини деҳаи Фатҳободи ноҳияи мазкур бархӯрдааст.

Дар натиҷа ронандагони ҳарду автомашинаҳо Мирзоев Ш.С., Қаноатов А.А. ва мусофирони автомашинаи тамғаи "Опер-Зефира" шаҳрвандон: Шодиев Аҳмадҷон Камоловичи 35-сола, Шодиева Гулҳаваси 30-сола, Шодизода Шукрона Аҳмадҷони 2-сола, Шодизода Умарҷон Аҳмадҷони навзод (соли таваллудаш 2020) ва Шодиева Меҳрафрӯз Аҳмадҷоновнаи 11-сола, хонандаи синфи 4-уми МТМУ №44-и ноҳияи Ҷайҳун, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд, ки бино ба манобеи Sputnik Тоҷикистон аъзои як хонаводаанд.

Ҳалокати донишҷӯю табиб: ду садамаи маргбор дар Душанбею Шуғнон

Баъди 1 соат падари хонадон Шодиев Аҳмадҷон Камоловичи бо ду фарзанди хурдсолаш  Шодизода Шукрона ва Шодизода Умарҷон дар беморхона ба ҳалокат расидаанд. 

Садамаи мудҳиш: ду нафар ҷо ба ҷо, як нафар дар шифохона фавтиданд

ВУД мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Барчаспҳо:
фавт, садама, Ҷайҳун, Хатлон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ