14:32 20 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
249110

Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон аз боздошти як корманди Вазорати корҳои дохила хабар медиҳад, ки дар гирифтани пора муттаҳам мешавад. Ин дуввумин боздошти корманди Вазорати корҳои дохила тайи як ҳафтаи ахир аст

ДУШАНБЕ, 22 дек - Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуотии Оҷонсӣ Холов Шерафган Шералиевич дар вазифаи ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Шуъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Хатлон кор карда дарст ба чунин кор задааст.

Ба иттилои манбаъ, номбурда бо истифодаи мақоми хизматӣ, бо мақсади бо роҳи қаллобӣ тасарруф намудани молу мулки ғайр, моҳи январи соли 2020 аз шаҳрванд Сафаров Ф.С. барои нисбати писараш-Сафаров А.Ф. дар доираи парвандаи ҷиноятии дар РВКД-и мазкур мавриди тафтиши пешакӣ қарордошта, татбиқ намудани чораи пешгирӣ дар намуди забонхат дар бораи тарк накардани маҳалли истиқомат, маблағи 8000 доллари ИМА талаб намуда, онро тавассути шаҳрванд Баротов М.Т. гирифтааст.

“Минбаъд Холов Шерафган Шералиевич амалҳои ҷиноятии худро давом дода, моҳи апрели соли 2020 аз шаҳрванд Сафаров Ф.С. барои дар доираи парвандаи ҷиноятии дар суди вилояти Хатлон қарордошта, таъин намудани ҷазои ҷарима нисбати писараш-Сафаров А.Ф. боз маблағи 2000 доллари ИМА талаб намуда, онро гирифта тасарруф кард”,-афзудааст, манбаъ.

Боздошти полковники Оҷонсии зидди фасод аз сӯи КДАМ барои гирифтани пора

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати Холов Ш.Ш. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.

Барчаспҳо:
пора, боздошт, Вазорати корҳои дохила, Оҷонсии зидди фасод

Мавзӯъҳои асосӣ