09:45 02 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.62
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
2630 0 0

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи маргборе дар роҳи "Душанбе-Кӯлоб" хабар медиҳад, ки дар паи он як мусофир ҷон бохта, се тани дигар бистарӣ гардиданд

ДУШАНБЕ, 26 январ - Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, ин ҳодисаи нохуш рӯзи 24-уми январ, тахминан соати 16:30, дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба вуқӯъ пайвастааст.

Гуфта мешавад, ронандаи худрави "Тайота-Кемри", Раҳмонзода Фирдавс, сокини 36 - солаи Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи "Опел-Астра" бархӯрдааст.

ВУД қайд мекунад, ки худрави дуюм таҳти идораи Даминов Убайдулло, сокини 31 -солаи ҷамоати деҳоти Арали ноҳияи Восеъ будааст. 

"Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи "Тайота-Кемри", Бобоёрова Ҷамолбӣ, сокини 61 - солаи шаҳри Душанбе, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.

Чаппа шудани мошин дар роҳи Хоруғ - Душанбе: ронанда бо ду мусофир ҷон дод

Ҳамчунин, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Даминов ва мусофирони ӯ Мирзоев Комилҷон, сокини 51 - солаи ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадонӣ ва ноболиғ Раҳмонзода Саидбилол, сокини 8 - солаи  Душанбе ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Барчаспҳо:
ВУД ҶТ, Данғара, садама

Мавзӯъҳои асосӣ