12:07 01 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1505802

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як ҳодисаи мудҳиши куштор хабар медиҳад, ки аз ҷониби як низомӣ сар задааст

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, куштор дар заминаи муноқишаи оилавӣ имрӯз, 20 феврал, сар задааст.

Куштори мудҳишро прапоршики қисми ҳарбии 051057 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Икромзода Азаматулло Азизбек, сокини ноҳияи Рӯдакӣ содир намудааст.

Қасди куштор барои баҳси мерос дар хонаводаи Пиронқуловаҳо-видео

Манбаъ меафзояд, номбурда рӯзи 20 феврал, тахминан соатҳои 14:30-дақиқа, бинобар ба амал омадани муноқишаи оилавӣ, ба хонаи волидайни ҳамсараш ба деҳаи Мадад, ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ омада, бо истифода аз тапончаи ПМ, ҳамсар, падар ва модари ҳамсарашро ба қатл расонидааст.

Гуфта мешавад, бо андешидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ,  Икромзода Азаматулло Азизбек аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардидааст.

ВУД мегӯяд, вобаста ба ҳолати мазкур аз тарафи Прокуратураи генералӣ, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Аммо вазорат дақиқ шарҳ надодааст, ки чи прапоршикро ба чунин куштори мудҳиш водор кардааст.

Мавзӯъҳои асосӣ