09:03 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Шаҳри Нижний Новгороди Русия. Акс аз бойгонӣ

Перм ва Нижний Новгород хостори ҳамкорӣ бо ПСС-и Тоҷикистон мебошанд

© Sputnik / Олег Золото
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
176 0 0

Маъмурияти шаҳрҳои Нижний Новгород ва Перм изҳор доштанд, ки мехоҳанд бо Тоҷикистон барои интиқоли мева, сабзавот, афшурда, асал ва меваи хушк робитаҳои мустақим барқарор намоянд.

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Мақомоти масъули ду шаҳри дигари Русия ба Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон номаи расмӣ барои ҳамкорӣ фиристоданд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ПСС ҶТ.

Аз ҷумла, раиси шаҳри Нижний Новгород И. Н. Карнилин ва муовини мири шаҳри Перм В.Г. Агеева ҳамбастагии худро дар рушди минбаъдаи муносибатҳои иқтисодӣ бо Тоҷикистон иброз намуданд.

Ҳокимияти шарҳҳо ҳамчунин рӯйхати ташкилотҳо ва ширкатҳои савдои яклухт ва чаканаи маҳсулоти хӯроквориро бо мақсади такмил додани робитаҳои мустақими ду кишвар тартиб доданд.

Қаблан хабар дода шуд, ки раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид ба минтақаҳои гуногуни Русия рӯйхати ташкилотҳо ва ширкаҳои ҷумҳуриро фиристода буд. Ҳадафи аслии ин нома, барқарор намудани муносибатҳои мустақим миёни соҳибкорону субъектҳо ва бастани шартнома оиди таъмини Русия бо сабзавот, меваҷот, маҳсулоти консервӣ, асал, афшураҳо, зироати полезӣ ва меваи хушк мебошад.

Пешниҳоди ҳамкориро аз ҷониби Палатаи савдо 53 ширкати русӣ бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ ба Русия ҷонибдорӣ намуданд.

Мавзуъ

Номаи "маҳсулотӣ"-и Тоҷикистон ба Русия
Барчаспҳо:
меваву сабзавот, пешниҳод, ҳамкорӣ, нома, ПСС, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, В.Г. Агеева, И. Н. Карнилин, Шариф Саид, Нижний Новгород, Перм, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ