17:13 16 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстон. Акс аз бойгонӣ

Эмомалӣ Раҳмон корхонаи соҳибкореро дар Бӯстон ба истифода дод

© Пресс-служба президента Республики Таджикистан
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
101 0 0

Бо ибтикори соҳибкор Зикруллохоҷа Самандаров дар шаҳри Бӯстон Қитъаи нави иншооти истеҳсоли орд дар заминаи ҶДММ "Анҳор" бунёд кардааст

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Дар чорчӯби сафари корӣ ба вилояти Суғд, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон ба фаъолияти Қитъаи нави иншооти истеҳсоли орд дар заминаи ҶДММ "Анҳор" оғози расмӣ бахшидааст.

Ба муносибати ба фаъолият пардохтани корхонаи мазкур дар даромадгоҳи ҶДММ "Анҳор" намоиши маҳсулоти саноатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ташкил карда шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Дар ин намоишгоҳ маҳсулоти нонӣ, коркарду бастабандии меваҳои хушк ва шарбату дигар номгӯи истеҳсолот, ки дар ҳудуди вилояти Суғд тавлид меёбанд, ба маъраз гузошта шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоишгоҳ ба иқтидори саноатии вилоят ва рағбати соҳибкорони маҳаллӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бобати истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти воридотивазкунанда ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

Қитъаи нави иншооти истеҳсоли орд дар заминаи ҶДММ "Анҳор" бо ибтикори соҳибкор Зикруллохоҷа Самандаров мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, маблағи фондҳои асосӣ 25,8 млн. сомонӣ, аз ҷумла 13 млн. сомонӣ сармояи корхонаи номбурда, 12,8 сомонӣ сармояи ширкати "АЗК ЕСЕНТАЙ"-и Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад.

Иқтидори истеҳсолии корхонаи зикршуда 380 тонна коркарди гандум дар як шабонарӯз аст. Дар қитъаи нави иншооти истеҳсоли орд 25 нафар кор мекунанд.

Бинои корхонаи нав аз 6 ошёна иборат буда, бузургтарин иншооти истеҳсолкунандаи орд дар қаламрави ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ҳоли ҳозир дар ин корхона беш аз 20 ҳазор тонна гандум захира шудааст.

Барчаспҳо:
ифтитоҳи корхона, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ