“Талко голд” - "нозанини саноатӣ" дар оғӯши куҳҳои Фон – гузориши тасвирӣ

© Sputnik Тоннель на строительстве Талко Голд
Тоннель на строительстве Талко Голд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин иншоот беш аз 80 сол аст, ки кор мекунанд, аммо то ба ҳол касе муваффақ ба берун овардани ҳатто як грам филиз нашудааст. Оё “Талко голд” муваффақ хоҳад шуд?

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik, Фахриддини Холбек. Дар минтақаи Кончочи ноҳияи Айнӣ якбора ду корхонаи саноатии ширкати “Талко” қомат рост мекунанд. Яке аз онҳо “Талко Голд” аст, ки қарор буд моҳи сентябр ба кор шурӯъ кунад, аммо кораш то баҳори соли оянда ба таъхир афтод.

Алюминиевый завод ТАЛКО-КРАНТАС в городе Турсунзаде - Sputnik Тоҷикистон
Талко Голд - тарҳи нодир ва бузургтарини Осиёи Марказӣ тирамоҳ ба кор медарояд

Ба Sputnik Тоҷикистон имкон даст дод, ки ба маҳалли сохтмони он роҳ ёбад.

Кончоч минтақаест, ки дар 7 километрии Искандаркӯл воқест. Аммо вуруд ба он софу содда нест. Ҳанӯз дар пойи ағбае, ки пушташ Кончоч ҷойгир аст, як посгоҳу сад (шлагбаум) – ро бояд гузашт.

Вақте роҳи кӯтоҳ, аммо пурпечутоб ва тангу хатарноки ағба, пушти сар мемонад, як водии сарсабзу ғанӣ аз рангҳои мухталиф ва ҳамоно аз нигоҳи аввал масруф ба истиқбол меояд. Он ҷо ҳамоно баҳор аст. Табиат ва боду ҳавои охири август нест.

Таваллуди дигар

Аввалин чизе, ки таслим мекунанд ва ҳар нафар бояд дошта бошад, кулоҳ (каска) ва беостини сохтмонӣ аст.

Ли Фен, мудири кулли “Талко Голд”, қисса мекунад, ки соли 2018 вақте ба ин маҳал омад, ҳамагӣ шаш нафар буданд – ӯ ва панҷ корманди тоҷик. 

© Sputnik Строители на стройке Талко Голд
“Талко голд” - нозанини саноатӣ дар оғӯши куҳҳои Фон – гузориши тасвирӣ - Sputnik Тоҷикистон
Строители на стройке Талко Голд

“Ин ҷо дар гузашта шаҳраки коргарӣ буд. Вақте мо омадем, манозил ҳоли харобе доштанд. Аз бомҳо об мечакид, тирезаҳо рехтаву деворҳо ҷо – ҷо кафида ва фаршҳо шикаста буданд. Лозим омад, ҳамаро аз нав таъмир кунем”, - гуфт Ли Фен.

Ҳоло дар шаҳраки Кончоч 500 нафар, ба шумули 150 мутахассиси чинӣ, зиндагӣ мекунанд. Дар гӯшаи дигари минтақа сохтмони як корхонаи флюарит низ дар ҳоли анҷомёбист, ки дар он 200 тоҷик ва 50 чинӣ машғули коранд. Аммо замоне, ки сохтмон тамом мешавад, мутахассисон мераванд ва ҳудуди 2 000 корманд дар ин шаҳрак маскун хоҳанд шуд.

Шурӯъи “Талко Голд”

Соли 2015 Корхонаи воҳиди давлатӣ (ҳоло Ҷамъияти саҳҳомии боз) – и “Талко” муҷаввизи коркарди захоири зерзаминӣ дар кони Кончочи ноҳияи Айнии вилояти Суғдро ба даст овард. 27 апрели соли 2017 зерширкати навашро бо унвони Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Талко Голд” сабти ном кард.

Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Имзои Раҳмон барои таъсиси ширкати нав дар ТАЛКО ва тасвиби созишнома бо Чин

15 декабри ҳамон сол “Талко” ва “Ширкати саноати куҳии Ҳуаюй” (Tibet Hua Yu Mining Co., Ltd) – и Чин “Созишнома дар бораи ширкати муштарак” – ро имзо карданд, ки дар пайи он “Талко Голд” бо саҳми 50 ба 50 ба ширкати муштараки тоҷикиву чинӣ табдил ёфт.

Нуктаи ҷолиб ин аст, ки дар миёни тамоми корхонаҳои маъдани фаъол дар саросари кишвар, аз қабили “Зарафшон”, “Анзоб”, “Апрелевка”, “Пакрут” ва ғайра “Талко Голд” танҳо ширкате хоҳад буд, ки Тоҷикистон дар он 50 дарсад саҳм дорад. Бақия ҳама бо саҳми 75 то 100% мутааллиқи ширкатҳои хориҷиянд.

© пресс-служба президента ТаджикистанаРахмон дал начало строительству "Талко Голд"
“Талко голд” - нозанини саноатӣ дар оғӯши куҳҳои Фон – гузориши тасвирӣ - Sputnik Тоҷикистон
Рахмон дал начало строительству "Талко Голд"

30 марти 2018 “Талко Голд” аввалин ҷаласаи саҳҳомонашро баргузор ва стратегияи рушдашро таъйид кард. 200 миллион доллар барои тарҳи “Талко Голд” низ аз Чин ба даст омад. Моҳи июни соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон санги таҳдоби “Талко Голд” – ро гузошт ва сохтмон шурӯъ шуд.

“Як гулу сад харидор”

Яҳё Давлатов, маъруф ба Бобои Ҳоҷӣ, “таърихи зиндаи Кончоч” аст. Ӯ ҳанӯз соли 1977 дар синни 20-солагӣ ҳамчун коргари оддӣ дар ин кон ба кор шурӯъ кард ва ҳоло сардори Департаменти хоҷагидории “Талко Голд” мебошад. Бино ба нақли ӯ, аввалин экспедитсия ба Кончоч ҳанӯз дар соли 1935 аз сӯи геологҳои шӯравӣ анҷом шуда, аммо бидуни ҳеҷ натиҷае ба зудӣ кори худро қатъ кардааст.

Завод “Талко-Крантас” - Sputnik Тоҷикистон
Ширкати “ТАЛКО Голд” оид ба истеҳсоли сурма дар шимоли Тоҷикистон калонтарин дар Осиёи Миёна аст

“Аз соли 1947 то 1956 Эскпедитсияи Равад кор кард. Он замон геологҳо таҷҳизоти худро бо хару асп ба ин минтақа интиқол медоданд. Боз корҳо қатъ шуданд. Соли 1965 Экспедитсияи иктишофӣ-геологии Моғиён ташкил ёфт, ки ба далели набудани роҳ, ҳатто тракторро ба қисмҳо ҷудо намуда, тариқи хару асп ба Кончоч интиқол доданд ва ин ҷо аз нав ҷамъ оварданд. Соли 1997 сармоягузории корҳо аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон дар кони Кончоч қатъ шуд”, - қисса мекунад Яҳё Давлатов.

Пас аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ тиллову сурмаи Кончоч ширкатҳои хориҷии зиёдро ба сӯи худ мекашид. Солҳои 90 як ҳайати ширкати “Оксус Голд” (Бритониё) ва ҳам як ҳайате аз Эрон ба ин маҳал омада, муддате саргардон шуданд, аммо рафтанду дигар барнагаштанд. Дар бораи дигар харидорон низ суҳбат мешавад, аммо онҳо баробари ошноӣ бо маҳал, ки воқеан аз шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд беш аз 30 км фосила дорад ва ҳам он замон роҳҳои саъбулубур дошт, аз баҳри миллионҳои хуфта дар Кончоч баромаданд.

Ба қавли Яҳё Давлатов, эҳтимолан дурии роҳу харҷи бузург ҷозибаи конро барои ширкатҳои хориҷӣ кам мекард, чун ҳар ширкат мекӯшад харҷи кам кунаду фоидаи зиёд ба даст орад.

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиСтроительство СП "Талко Голд" в Согдийской области
“Талко голд” - нозанини саноатӣ дар оғӯши куҳҳои Фон – гузориши тасвирӣ - Sputnik Тоҷикистон
Строительство СП "Талко Голд" в Согдийской области

“Соли 2001 аз Абдуфаттоҳ Шарифзода, намояндаи парлумон аз ноҳияи мо (ҳоло сухангӯи прзиденти Тоҷикистон) хоҳиш кардам, ки як саре ба Кончоч занад. Вақте ӯ бо вазъ ошно шуд, таҳти таъсир қарор гирифт ва ба Душанбе баргашта, мавзӯъи тақвияти корҳо дар конро ба миён гузошт. Дар пайи талошҳои он кас кори Экспедитсияи Моғиён аз нав ҷон гирифт, то ин ки соли 2015 ҳукумати Тоҷикистон ин конро аз тавозуни Саридораи геология ба ширкати “Талко” гузаронд”, - қисса мекунад Яҳё Давлатов.

Аз Кончоч то Кончоч

Кончоч як овардгоҳро мемонад. Хоки замину дуди боркашҳо ба ҳаво печида, доду фарёдҳо ба лафзҳои тоҷикиву чинӣ фазоро пур мекард. “Дулан” – ҳои боркаш мисли мӯрчаҳои чоркунҷаи сурх аз ин тараф ба он он тараф дар ҳаракатанд: аз поёни роҳи калон иддае хок бар пушт сарозер мешаванд, ё холӣ боло меоянд, дар қисмати болоӣ бархе ба куҳ часпида, дар синаи куҳ фурӯ мераванд ё маъдан ба пушт берун шуда, поён меоянд. Ба қавли масъулин, кор дар сохтмон 24 соат ва дар се баст бо ҷӯшу хурӯш ҷараён дорад.

Таджикский алюминиевый завод, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тафсилоти нав: “Талко” “модар” - и чанд “духтар” мешавад?

Ли Фен мегӯяд, кони Кончоч аз се қитъа - Чӯлбойӣ, Кончоч ва Шахкон иборат аст, ки дар баландии 2500 ба 2700 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд.

“То ба ҳол дар кон 23 километр нақб канда шуда, 3 км – и дигар боқӣ мондааст. Вақте корхона ба кор дарояд, 5 ҳазор тон дар рӯз ё солона то 1,5 миллион тон хока ё маъдани хом дар он коркард мешавад. Бо чанд усуле, ки ҳисоб кардаем, бояд аз 1 тон маъдан аз 18 то 100 грамм тилло ва аз 18,5 то 40% сурмаи соф ҳосил кунем. Умедворем, ки 2 тон тилло ва 15 тон сурма дар сол ба даст орем”, - гуфт Ли Фен.

Дар бораи захираҳои тилову сурмаи кони Кончоч дар қиёс бо маълумоти қаблии расонаишуда мудири кулли “Талко голд” иттилои дигаре ба даст медиҳад. Қаблан расонаҳо аз қавли манобеъи гуногун захоири онро аз 32 то 60 тон тилову то 300 ҳазор тон сурма ҳисоб карда буданд. Ҳамчунин аз истеҳсоли нуқра, симоб, сафедаи симоб ва флюорит низ суҳбат мешуд.

Аммо Ли Фен мегӯяд, дар ҳоли ҳозир захоири 39 тон тилло ва ҳудуди 200 ҳазор тон сурма тасбит шудааст.

“Мо фақат тилову сурма истеҳсол хоҳем кард. Бақия маодин дар афзалияти кори мо нест. Таҷҳизотамон низ барои ин ду маъдан ихтисос ёфтааст”, - гуфт ӯ.

Сохтмон дар сохтмон

Ба қавли мудири кулли “Талко голд”, тибқи тарҳ иншоот ё зерсохторҳои дигар, аз қабили низоми коркарди кон, корхонаи коркард, биноҳои зисту кор, сохтори обрасонӣ, сехи таъмири лӯлаи бухор, истгоҳи равған, партовгоҳ, анбори маводи инфиҷорӣ бояд сохта шаванд, ки Кончочро ба як маҷмӯаи бузурги саноатӣ табдил медиҳад.

© Sputnik План строительства Талко Голд
“Талко голд” - нозанини саноатӣ дар оғӯши куҳҳои Фон – гузориши тасвирӣ - Sputnik Тоҷикистон
План строительства Талко Голд

“Мо то ба ҳол аз маркази ноҳияи Айнӣ то Кончоч ба маблағи 6 миллион доллар 30 километр хати барқ кашидем. Сохтмони як нерӯгоҳи барқ бо қудрати 110 квт-соатро низ рӯи даст гирифтаем, ки ниёзҳои тамоми аҳолии минтақаро бароварда месозад. Дар умум, корҳои сохтмонӣ қариб 80% дарсад омода шудаанд”, - гуфт Ли Фен.

Холмуҳаммад Холов, сардори Департаменти бехатарӣ ва ҳифзи муҳити зисти ширкат пешдастӣ кард ва ба масоили ҳифзи табиат ва муҳити зист пардохта, гуфт, тамоми хулосаҳои зарурӣ аз сӯи вазорати саноату Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва дигар идораҳои зидахл таҳия шудаанд ва ҷое барои нигаронӣ вуҷуд надорад.

Алюминиевый завод ТАЛКО-КРАНТАС в городе Турсунзаде - Sputnik Тоҷикистон
Мудири “Талко” шартҳои созиш бо Чин ва кори ширкат дар ояндаро шарҳ дод

“Бале, агар беэҳтиётӣ мекунед, ҳама зарарро метавон интизор шуд. Мо ба маблағи қариб 2 миллион доллар 6 километр ҷӯй сохтем, то оби руди Кончоч бидуни олуда шудан ва тавре ки тӯли таърих буд, ба Искандаркӯл резад. Як сарбанди бузургеро барои нигаҳ доштани партовгоҳ сохта истодаем, аммо партов ҷамъ шуда намеистад, балки коркарди иловагӣ мешавад. Ҳамин маҳалле, ки мебинед, тибқи тарҳ пурра бо дарахтҳои гуногун сабз хоҳад шуд”, - гуфт Холмуҳаммад Холов.

Ба қавли масъулини “Талко Голд”, танҳо мушкиле, ки пеш омадааст, таъхир дар интиқоли бақия таҷҳизоти корхонаи ширкат аз Чин аст. Ли Фен мегӯяд, баробари баста шудани марзҳо ҳудуди 100 мошин таҷҳизоти ширкат дар марзи Чину Қирғизистон банд мондаанд.

“Онҳо ҳаҷми бузург доранд ва тариқи ҳавопаймо намешавад интиқолашон дод. Аммо умедворем, ки ба зудтарин фурсат онҳоро вориди Тоҷикистон кунем”, - гуфт мудири кулли “Талко Голд”.

Бидуни онҳо намешавад корхонаро ба кор андохт.

Дар роҳи бозгашт пирамарде, зоҳиран, коргари ширкат, бо як хушҳолӣ ба сӯи мо нарангушташро бардошта, ба забони русӣ гуфт: “Нозанин!”. Бале, ба ҷуз нозанини саноатӣ, ки солҳо дар оғӯши куҳҳои Фон интизорӣ мекашид, ин шоҳкорро наметавон ба гунаи дигар баён кард.

Лентаи хабарҳо
0