20:25 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Маводи мухаддир. Акс аз бойгонӣ

Дар Кӯлоб Ҷаъфаршо - бародари Қурбони Чол боздошт шуд

© Sputnik / Руслан Кривобок
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
150 0 0

Ҷаъфаршо, бародари Қурбони Чол, фармондеҳи пешини Фронти халқӣ, ба гумони нигаҳдорӣ ва қочоқи маводи мухаддир боздошт шудааст. Алайҳи вай парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Дар пайи як амалиёт дар шаҳри Кӯлоб, яке аз бародарони Қурбони Чол, фармондеҳи собиқи Фронти Халқӣ, ба иттиҳоми нигаҳдорӣ ва қочоқи маводи мухаддир боздошт шудааст, менависад "Радиои Озодӣ".

Масъулони шӯъбаи умури дохилии шаҳри Кӯлоб рӯзи 23 феврал бо тасдиқи ин хабар ба радио гуфтаанд, Ҷаъфаршо Чолов, бародари фармондеҳи марҳуми Фронти Халқӣ — Қурбони Чол ба гумони нигаҳдории маводи мухаддир ва қочоқи он аз сӯи маъмурони интизомии ин шаҳр боздошт шудааст.

Ба гуфтаи онҳо, аз манзили Ҷаъфаршо Чолов миқдори муайяни маводи мухаддири навъи ҳероин кашф ва мусодира гардидааст.

"Нисбат ба Ҷаъфаршо Чолов тибқи моддаи 200, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шуда ва таҳқиқи он идома дорад", — гуфт як мусоҳиби радио аз Шуъбаи умури дохилии Кӯлоб.

Ҷаъфаршо Чолов 45 сол дошта, дар ҷое кор намекардааст. Вай дар соли 2012 низ муртакиби ҷиноят шуда, аммо пас аз муддате аз боздошт раҳо шудааст.

Қурбони Чол (Қурбоналӣ Чолов), фармондеҳи маъруфи Фронти халқӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, 5 ноябри соли гузашта дар синни 54 аз олам чашм пӯшид. Ӯ намояндаи хонаводаи дар замони ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми Тоҷикистон пурнуфузи Чоловҳо буд. Ин хонавода, ки дар шаҳри Кӯлоб ба сар мебурд, ба тарафдорӣ аз Фронти халқӣ силоҳ гирифта, дар амри ба қудрат расондани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1992 саҳми умда доштанд.

Баъд аз пирӯзии Фронти халқӣ Қурбони Чол фармондеҳии яке аз қисмҳои низомиро бар ӯҳда гирифт. Дар соли 1995 ду нафар аз Чоловҳо — Қурбон ва бародараш Султон Чолов — вакили парлумони Тоҷикистон ҳам интихоб шуданд. Он ҳайати порлумон, ки то соли 2000 амал кард, дар ёдҳо ҳамчун "парлумони боевикҳо" мондааст.

Аммо дар авоили солҳои 2000-ум нуфузи "боевик"- ҳо ва аз ҷумла нуфузи хонаводаи Чоловҳо коҳиш ёфт. Ӯву бародаронашро батадриҷ аз артиш берун карданд ва онҳо асосан ба тиҷорат машғул шуданд. Гуфта мешавад, ки бозори "Панҷшер" дар ҷануби Душанбе, бозори дигаре ва меҳмонхонаи сеқабатаи "Доро" дар шаҳри Кӯлоб ва як силсила фурӯшгоҳҳову тарабхонаҳо дар Кӯлобу Душанбе ба ҳамин хонавода тааллуқ доштанд.

Султон Чолов бар асари беморӣ барвақттар аз олам чашм пӯшид. Давлат Чолов — бародари дигари онҳо — моҳи феврал бо иттиҳоми ҷалби ҷавонон ба ҷанги Сурия боздошт шуда, моҳи декабри соли гузашта бо пардохти ҷарима озод гардид.

Барчаспҳо:
ғайриқонунӣ, интиқол, нигаҳдорӣ, маводи мухаддир, боздошт, Фронти халқӣ, Қурбон Чолов, Ҷаъфаршо Чолов, Кӯлоб

Мавзӯъҳои асосӣ