12:15 13 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Садамаи нақлиётӣ дар кишвари Хабаровск. Акс аз бойгонӣ

Беш аз 50 ташхис дар садамаи нақлиётии Хабаровск гузаронида шуд

© Sputnik / Дальневосточный региональный центр МЧС России
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
6 0 0

Тибқи иттиллоъи ВКД ФР дар қиболи парвандаи ҷиноии садамаи маргбори нақлиётӣ дар кишвари Хабаровск, ки бар асари он 16 нафар ба ҳалокат расиданд, 38 шоҳиду теъдоди зиёди ҷабрдидаҳо пурсида шуданд.

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Коршиносон барои ташхсиси садамаи нақлиётии маргбори Хабаровск, ки дар пайи он 16 кас қурбон гардиданд, беш аз панҷоҳ ташхис таъин карданд, иброз дошт намояндаи расмии Вазорати умури дохилаи Русия Елена Алексеева.

"Тайи як шабонарӯзи ахир дар бастагӣ ба парвандаи ҷиноии садамаи нақлиётӣ дар Хабаровск 38 шоҳид ва ҷабрдидаҳо пурсида шуда, 53 ташхис гузарониданд",- гуфт вай.

Рӯзи гузашта дар кишвари Хабаровски Шарқи дури Русия ду автобуси мусофирбар ба ҳам бархӯрданд. Дар ин ҳодиса 16 нафар нафар ба ҳалокат расиданд. Дар хабари вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия омадааст, ки ин ду автобуси мусофирбари байнишаҳрӣ ба ҳам бархӯрдаанд.

Ҳамзамон, дар ин ҳодиса бештар аз 50 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд ва ҷароҳати чанд нафари онҳо ҷиддист. Барои кӯмак оташнишонҳо, гурӯҳҳои наҷот пулиси роҳ, хадамоти таъҷилии тиббӣ ва гурӯҳҳои оперативӣ ба маҳали ҳодиса ҳозир шуданд.

 

Барчаспҳо:
ташхис дар садамаи нақлиётӣ, ҳалокати 16 нафар, садамаи наклиётӣ, ВҲФ Русия, ВКД ФР, Елена Алексеева, Шарқи дур, Русия, кишвари Хабаровск

Мавзӯъҳои асосӣ