18:54 22 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Нашъа. Акс аз бойгонӣ

АНМН: аз як сокини Шӯрообод қариб 100 кг афюн мусодира гардид

© Sputnik / В. Немировский
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
20 0 0

Ронанда ба ишораи масъулини мақомот итоат накарда, суръатро баланд намуда, аз маҳалли ҳодиса ғайб зад, баъди чанд дақиқаи таъқиб мошини бе ронанда пайдо гардид.

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ, рӯзи 12 август сокини 53-солаи ноҳияи Шӯрообод дастгир гардид, ки чанде қабл мошини ҳомили нашъаро бо 98 кило афюн партофта буд, иттилоъ медиҳад сомонаи АНМН.

Манбаъ менависад, кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар дар аввали моҳи июл хабари фаврӣ гирифтанд, ки шаҳрвандони Афғонистон ният доранд миқдори калони маводи нашъаоварро ба сокини ноҳияи Шӯрообод фурӯшанд.

"Дар назди деҳаи Анҷироб масъулини АНМН мехостанд мошини «Нива»-ро боздошт кунанд, вале ронанда суръатро баланд намуда, аз маҳалли ҳодиса фирор кард, ба ҷои номаълум ғайб зад. Баъди чанд дақиқаи таъқиб мошини бе ронанда пайдо гардид".

Аснои муоина дар идораи агентӣ, аз дохили он якчанд борхалта бо маводи дорои бӯи махсус дарёфт гардид.

"Маводи ошкоршуда афюн буда, вазни он 98 кг 658 граммро ташкил дод",- омадааст дар хабар.

Зимнан, дар пайи баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, сокини 53-солаи ноҳияи Шӯрообод дастгир гардид,  ки мошини "Нива" ба ӯ таалуқ дорад.

Айни замон шахсияти шаҳрвандони Афғонистон, ки маводи нашъаоварро ба ӯ фурӯхтаанд, муайян шуда истодааст. Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Мавзуъ

АНМН: дар шимоли Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор буттаи бангдона маҳв шуд
Барчаспҳо:
нашъа, қариб 100 кг афюн дарёфт шуд, боздошти нашъаҷаллоб, Агентии назорати маводи нашъаовар, АНМН, Шӯрообод, Хатлон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ