10:50 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.79
  • RUB0.15
Боздошти ҷинояткор. Акс аз бойгонӣ.

Тайи як шабонарӯз дар ҶТ 24 кг нашъа мусодира гардидааст

© Sputnik / Андрей Архипов
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
21 0 0

Кормандони мақомоти қудратӣ тайи як шабонарӯзи гузашта аз сокинони вилояти Суғд ва Хатлон наздики 56 баста маводи нашаъдор дарёфт кардаанд.

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон панҷ нафар бо иттиҳоми даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир шуданд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Агентии назорати маводи нашъадори ҶТ.

Дар вилояти Суғд чаҳор тан аз сокинони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастгир гардиданд.

Аснои амалиёти ҷустуҷӯӣ кормандони мақомот аз онҳо халтаи селофанӣ бо маводи қаҳварангро дарёфт ва мусодира намуданд.

Баъди чанд муддат дар манзили яке аз дастгиршудагон бо истифода аз саги хизматӣ кофтуков гузаронида шуд.

"Аз пинҳонгоҳ як халта бо 17 баста, бо маводи бӯи махсус дошта ва  ҳамчунин як халтаи дигар бо хока дарёфт шуд",-гуфта мешавад дар иттилоъия.

Дар умум кормандони ҳифзи ҳуқуқ зиёда аз 8 кг ҳашиш ва 0,86 кг ҳероин дарёфт намуданд.

Дар шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон бошад, аз сокини Исфара 39 баста ҳашиш дарёфт гардид. Вазни умумии мавод 15 кг-ро ташкил дод.

Аз рӯи  ҳодиса нисбати ҳар ду ҷинояткор парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

Қаблан хабар дода шуд, ки аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар давоми семоҳаи аввали соли 2016 наздики 300 кило маводи нашъадор дарёфт гардидааст.

Мавзуъ

АНМН: ҳудуди 2,5 тонна маводи нашъадор мусодира гардид
Барчаспҳо:
кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ҳероин, дастгир гардиданд, маводи нашъадор, ҳашиш, Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон, АНМН, Бобоҷон Ғафуров, Қурғонтеппа, Суғд, Хатлон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ