06:06 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Дастбандҳо. Акс аз бойгонӣ

Суғд: сокини шаҳри Гулистон 6 сол ҳукм гирифт

© Sputnik / Виталий Белоусов
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
64 0 0

Ин шаҳрванд бо ду моддаи КҶ-и Тоҷикистон айбор эълон шуда, муҳлати ҳабсашро дар зиндони низомаш сангин пушти сар хоҳад кард.

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Як сокини вилояти Суғд барои узвият дар созмони ифротгарои "Ҳизб-ут-Таҳрир" ба 6 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд, иттилоъ медиҳанд расонаҳои маҳаллӣ ба истинод ба як манбаъ дар мақомоти қудратии вилоят.

"Додгоҳи шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) сокини ҳамин шаҳр Нурулло Ҳақназарови 24-соларо дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 307-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Ташкили фаъолияти созмони ифротгаро. Иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдо карда дар бораи барҳам  додан ё манъи фаъолияташ бо сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст) гунаҳкор эътироф намуд",- омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, маҳкумшуда аз ҷониби кормандони Раёсати КДАМ дар вилояти Суғд моҳи феврали соли равон боздошт гардида буд.

Мавзуъ

Раҳмон: аз вилояти Суғд 213 “ифротгаро” дар кофтукоб қарор доранд
Падару писар- гумонбарони куштор дар Суғд боздошт гардиданд
Барчаспҳо:
6 соли ҳукм, КДАМ, Нурулло Ҳақназаров, Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ