20:53 06 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Роҳи Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Шаҳри бехатар: аз 205 қонуншикании Муродов то ҷаримагурезии Раҳмонова

© Sputnik Амир Исаев
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
167522

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон феҳрасти ронандаҳоеро, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанберо нақз карда ва маблағи ҷаримаро пардохт накардаанд, нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 26 авг- Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ин ниҳод, ин рӯйхат дар асоси сабти дурбинҳои Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт — "Шаҳри бехатар" пешниҳод шудааст.

Аз ҳама бештар як сокини шаҳри Ваҳдат Абуалӣ Муродов бо худрави "Мерседес бенс" қоидаҳои ҳаракатро нақз кардааст. Бино ба иттилоъи ВКД, ин ронанда дар 205 ҳолат қоидаҳоро вайрон намуда ва ҳанӯз ҷаримаро пардохт накардааст.

"Нексия"-и мутаалиқ ба сокини ноҳияи Рӯдакӣ Иномҷон Ҳакимов 172  бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро нақз кардааст.

Бар хилофи рӯйхатҳои пешин ВКД дар ин феҳрист фақат қоидавайронкунии шаҳрвадон сабт шудааст, на идораву ширкатҳо.

Дар байни ҷаримагурезон номи як зани ронанда ҳам ҳаст. Ҳамин тавр сокини шаҳри Душанбе Кибриё Раҳмонова бо худрави "Ниссан-сефиро" 95 бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро нақз карда то ҳол ҷаримаи худро пардохт накардааст.

Дар умум дар феҳристи ҷаримагурезони ВКД, қонуншикании бист шаҳрванди Тоҷикистон сабт шудааст.

Мавзуъ

Аз қонуншикании Раҳмонов то ҷаримагурезии "Тоҷик Эйр" ва "Тоҷиксодиротбонк"
Барчаспҳо:
ҷаримагурезӣ, қонуншиканӣ, нақзи қонун, "Шаҳри бехатар", Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ