09:55 30 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
162 0 0

Вазорати корҳои дохилӣ, аз боздошти марди 29-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав бо гумони содир намудани кирдори ғоратгарӣ хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати умури дохила, дар ин бора ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав зани 25-сола муроҷиат кардааст.

Ҷабрдида - сокини кӯчаи Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе буда дар муроҷиатноммаш гуфтааст, ки рӯзии 13-уми феврали солаи 2020, тахминан соати 20:30-дақиқа, шахси номаълум дар назди пули ноҳияи Шаҳринав бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Редми-8”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Говдуздӣ бо "Nexiа": мақомот гумонбаршудаҳоро ошкор карданд

Зарари расонидашуда 1 ҳазору 500 сомонӣ гуфта мешавад.

Тибқи иттилои ВУД, дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Шаҳринави ноҳияи мазкур бо гумони содир намудани кирдори ғоратгарӣ дастгир карда шуд.

Боздошти ду ноболиғ ва ду ҷавон ба ҷурми дуздӣ дар Тоҷикистон

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишо идома дорад.

Барчаспҳо:
тасарруф, ВКД, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ