20:26 22 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Министр юстиции Таджикистана Рустами Шохмурод

Вазири адлия гуфтаҳои Путинро дар бораи номивазкунӣ тасдиқ кард

© Sputnik Махпора Киромова
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
2891 0 0

Бархе аз шаҳрвандон  бо тақозои иқомат ва кор дар кишварҳои хориҷӣ ному насаби анъанавӣ – миллии худро иваз мекунанд ва ин ҳуқуқи онҳост, гуфт вазири адлияи Тоҷикистон Рустами Шоҳмурод

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. То имрӯз аз ҷониби мақомоти давлатии  кишварҳои хориҷӣ  дар  масъалаи иваз кардани номҳо ба номҳои анъанавӣ- миллии тоҷикона ягон эрод гирифта нашудааст.

Ин нуктаро рӯзи 16 июл дар нишати матбуотӣ дар Душанбе, вазири адлияи Тоҷикистон  Рустами Шоҳмурод баён доштааст.

Вазир зикр кардааст, ки дар зарфи шаш моҳи соли равон  дар Тоҷикистон  10 ҳазору 893 нафар  шаҳрвандон  ному насабашонро  ба номҳои анъанавӣ - миллӣ  иваз кардаанд.

Дар маҷмӯъ  дар ин давра аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии мамлакат 22 ҳазору 985 нафар ҷиҳати сабти иваз намудани  насаб, ном ва номи падарӣ  ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд.

Вакилони Маҷлиси Олии Тоҷикистон номҳояшонро тоҷикӣ карданд

"Ҳолатҳое ҳастанд, ки бархе аз шаҳрвандон  бо тақозои иқомат ва кор дар кишварҳои хориҷӣ ному насаби анъанавӣ –миллии худро иваз мекунанд ва ин ҳуқуқи онҳост", - гуфтааст вазир.

Ёдовар мешавем, ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин, зимни ҷаласа дар мавзӯи рушди иҷтимоӣ-иқтисодии вилояти Астрахан гуфт, раванди додани патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ бояд ба таври иловагӣ омӯхта шавад, чун муҳоҷироне, ки бо қонунвайронкуниҳои хурд аз Русия мераванд, шиносномаашонро тағйир дода, ҳарферо иваз мекунанду боз вориди Русия мешаванд.

Путин аз осонсозии патентгирӣ ва ҳилаи ҳарфивазкунии муҳоҷирон гуфт

"Соли гузашта дар мо чанд ҳазор, ба фикрам 16 ҳазор нафар ошкор шудаанд, ки бо қонунвайронкуниҳои хурд аз Русия мераванд, баъдан шиносномаашонро тағйир дода, ҳарферо иваз мекунанду боз аз сари нав оғоз мешавад", - гуфт Владимир Путин.

Путин моҳи апрели соли равон дар пайи мулоқот бо ҳамтои тоҷикистонияш Эмомалӣ Раҳмон гуфт, "мехоҳам, қайд кунам, ки дар кишвари мо корҳои зиёде анҷом дода мешаванд, то муҳоҷирон аз Тоҷикистон, аъзои оила ва наздиконашон дар Русия шароити арзандаи зиндагӣ ва кору таҳсил дошта бошанд, худро роҳату амн эҳсос кунанд”.

Ӯ муҳиммияти муҳоҷирати меҳнатиро таъкид карда, оморашонро далел овард, ки ба гуфтааш дар Русия ҳудуди 1,2 миллион тоҷикистониён зиндагӣ мекунанд. Раисиҷумҳури Русия афзуд, маблағи интиқолдодаи муҳоҷирони тоҷикистонӣ ба Ватан барои иқтисоди кишвар ва хонаводаашон такягоҳи муҳим мебошад.

Ин дар ҳолест, ки садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои нақзи қоидаҳои будубош дар феҳрасти афроди мамнуъ-ул-вуруд ба Русия шомил шудаанд. Ҷониби Тоҷикистон аз Русия хоcтори афви муҳоҷирон шудааст ва феълан ин масъала мавриди баррасӣ миёни ду кишвар қарор дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ