14:07 07 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Министр внутренних дел РФ Владимир Колокольцев. Архивное фото

Ҷавоби Колоколтсев ба вокуниш ва барқияи Раҳимзода оиди латукӯби бераҳмонаи ҷавони тоҷик

© Sputnik / Владимир Астапкович
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
1155 0 0

Вазири умури дохилаи Русия Владимир Колоколтсев ба барқияи ҳамтои тоҷикаш таваҷҷӯҳ намуда, аз мақомоти марбутаи ин кишвар дархост намудаст, то навори латукӯби шаҳрванди Тоҷикистон таҳқиқ шавад

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik.  Навори латукӯби бераҳмонаи  шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия аз ҷониби ашхоси номаълум боиси вокуниши шадиди Рамазон Раҳимзода, Вазири умури дохилаи Тоҷикистон гардида буд.

Дар робита ба қазияи мазкур Раҳимзода ба ҳамтои русаш Владимир Колоколтсев барқия ирсол намуда, дархост кард то дастандаркорони озори бераҳмонаи шаҳрванди Тоҷикистон ҳамаҷониба таҳқиқ карда шавад.

Мусофирони автобуси Хуҷанд - Маскав: 4 - 5 рӯз дар роҳ, вале арзон

Зимнан Владимир Колоколтсев  ба дархости ҷониби Тоҷикистон посухи мусбат дода, фармон додаст, ки навори мазкур ҳаматарафа мавриди таҳқиқ қарор гирифта шавад.

Ба иттилои намояндаи расмии Вазорати умури дохилаи Русия, Ирина Волк, чанде қабл, Владимир Колоколтсев ба кормандони мақомоти марбута супориш додаст, то ба таҳқиқи навори латукӯби шаҳрванди Тоҷикистон, ки чанд рӯз боз дар шабакаҳои интернетӣ чарх мезанад, оғоз кунанд.

Дар Петербург мусофири таксӣ, ронандаи тоҷикро гаравгон гирифт

Айни замон, ба гуфтаи Ирина  Волк, ҳаққонияти сабти навор, шахсияти иштирокчиён, санна, ҷой ва дигар ҳолатҳои ҷиноят тафтиш карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки навори латукӯби бераҳмонаи шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 30 юми август дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, вале то ҳол маълум нест, ки ин навор кай ва дар кадом минтақаи Русия сабт шудаст.

Додгоҳи Петербург ҳукми шаҳрванди тоҷик, ки нияти ба ДОИШ пайваст шуданро дошт эълон кард

Дар навор як гуруҳ ваҳшиёна бо даъвоҳои миллатгароёна ва таҳқири тоҷикон ҷабрдидаро бераҳмона мушту лагад зада, бо корд ба дасту пояш зарбаҳо заданд. Дар ҳоле, ки ҷавон нолон рӯяшро медошту дар замин мехобид гуруҳи ҷинояткор аъмолашонро идома дода, ба навор мегирифтанд.

Барчаспҳо:
вокуниш, ВУД, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ