03:21 20 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
317 0 0

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар роҳ ба Ватан ба мушкилот мувоҷеҳ шуданд. Онҳо зимни убури сарҳади миёни Қазоқистон ва Ӯзбекистон дармонданд

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputniк. Садҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба далели қатъ шудани вуруд дар робита бо коронавирус ба Ӯзбекистону Қазоқистон, дар минтақаи бетарафи миёни ин ду кишвар, дармондаанд.

Дар ин бора, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба РИА Новости хабар додааст.

Қайд мешавад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷумла занон ва кӯдакон аз Русия ба Тоҷикистон сафар мекарданд.

"Дар робита ба паҳншавии коронавирус вуруд ба Қазоқистону Ӯзбекистон мамнӯъ шуд. Бархе аз шаҳрвандони мо, ки аз Русия ба Тоҷикистон боз мегаштанд, дар минтақаи бетарафи миёни ин ду кишвар ба мушкилот мувоҷеҳ шуданд", - нақл кардааст мусоҳиб.

Тоқаев дар Қазоқистон вазъи фавқуллода эълом кард

Ӯ гуфтааст, ки феълан Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ва ниҳодҳои дахлдор дар Қазоқистону Ӯзбекистон дар паи ҳалли ин мушкилот ҳастанд.

Шумораи дақиқи шаҳрвандони дармондаи Тоҷикистон то ҳол маълум нест.

Пандемияи коронавирус

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи 11 - уми март, маризии коронавирусро пандемия эълон кард. Афзоиши мубталоён дар кишварҳо дар ҳолест, ки дар Чин, сарчашмаи ин вирус ҳолатҳои гирифторшавӣ ба он майли коҳиш дорад.

Чин мутахассисонашро ба Эрону Ироқ ва Италия фиристодааст. Аммо дар хориҷ аз Чин теъдоди гирифторон ба 51 ҳазору 767 нафар (7488 мавриди ҷадид), мавориди фавт ба 1775 нафар (335 мавриди ҷадид) расидааст.

Авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо карданд. 

Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид.

Барчаспҳо:
тоҷик, муҳоҷирон, Қазоқистон, Ӯзбекистон

Мавзӯъҳои асосӣ