03:44 07 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
1498 0 0

Юрий Московский, раиси Комиссияи муҳоҷирати Шӯрои миллатҳои назди ҳукумати Маскав шарҳ дод, ки чаро бояд патентпулӣ барои муҳоҷирон муваққатан лағв гардад

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Московсий дар пайи тасмими сафорати Тоҷикистон дар Русия оид ба пешниҳоде ба ҳукумати ин кишвар ҷиҳати қатъи муваққатии патентпулӣ гуфт, чунин пешниҳод самараи хуби иқтисодӣ ва сиёсӣ хоҳад дошт.

"Ин на патент, балки пешпардохт аст. Дар ин бора сар аз оғози чораҳои карантинӣ гуфта мешуд. Зарур аст, ки маблағи пешпардохтро дар замони карантин кам кард ва ё беҳтараш умуман муваққатан қатъ кард", - гуфт ӯ ба Sputnik Ӯзбекистон.

Қаблан Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия гуфт, нақша доранд барои кам кардан ё боздоштани муваққатии пардохти пули патент ба ҳукумати Русия дархост равон кунанд

"Шаҳрвандони Тоҷикистон ба мо зиёд занг мезанад. Онҳо мисли дигарҳо дар вазъияти вазнин қарор доранд. Аксари ширкатҳо ва корхонаҳо баста мешаванд, бештар тиҷорати хурд ва фаъолият дар соҳаи хизматрасонӣ дар азоб аст. Аксарият бе кор мемонанд", - гуфт Сатторов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ба гуфти ӯ, дар ҳоле, ки муҳоҷирон бе кор мемонанд, пардохти пули патент кори осон нест.
"Мо нақша дорем барои додани "таътил" ҷиҳати пардохти патент ва тамдид он муроҷиат кунем. Мо кумаки молӣ талаб надорем, танҳо мехоҳем ба муҳоҷирон имконият диҳанд, ки ин замони вазнинро ба хубӣ паси сар кунанд ва тавонанд корашонро идома диҳанд, онҳо корашонро дар соҳаҳое, ки қувваи корӣ намерасад, идома хоҳанд дод", - изҳор дошт сафир.

Пул нест: дархости Федератсияи муҳоҷирони Русия аз ҳукумат барои қатъи патентпулӣ

Ҳамчунин дар пайи мушкили муҳоҷирон Президенти Федератсияи муҳоҷирати Русия, Вадим Коженов низ ахиран ба Михаил Мишустин, сарвазири Федератсияи Русия муроҷиат карда, дархост кардааст, ки пардохти маблағи патенти муҳоҷирон дар давраи чораҳои карантинӣ бекор кунанд.

Ӯ гуфт, муҳоҷирон дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвари мо саҳми назаррас доранд. Пардохти ҳарсолаи буҷети давлатӣ аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ тақрибан 60 миллиард рублро ташкил медиҳад. Ҳоло, дучори вазъе шудаанд ва ба дастгирӣ нмёз доранд.

Барчаспҳо:
пул, муҳоҷирон, патент, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ