21:49 04 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.56
  • RUB0.15
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (489)
404 0 0

Дар Русия мехоҳанд ҳуқуқҳои муҳоҷиронро ба шаҳрвандони Русия баробар кунанд, чунин пешниҳод ба сарвазир Михаил Мишустин расидааст

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Ожонси ташаббусҳои стратегӣ, ба нахуствазири Русия Михаил Мишустин барои дастгирии муҳоҷирон дар пасманзури пандемияи коронавирус нома равон кардааст, хабар медиҳад ТАСС.

Ҳамин тавр, пешниҳод шудааст, ки дар давраи пандемия ҳуқуқҳои муҳоҷиронро ба шаҳрвандони Русия баробар кунанд ва ба онҳо низ кумакпулӣ барои бекорӣ пардохт шавад, омадааст дар нома.

Ожонс ҳамчунин пешниҳод карда, ки муҳоҷирони бекорро барои бозори кории холимонда омода кунанд.

Хушхабар! ҳукумати Русия пардохти пули патентро бекор кард - видео

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 18 апрел президенти Русия Владимир Путин фармоне имзо кард, ки мувофиқи он муҳоҷирон дар давоми се моҳ аз пардохти пули патент озод шуданд.

Ҳамчунин, дар баробари қатъи муваққатии пардохти патентпулӣ Владимир Путин  барои муҳоҷирон чанд сабукиҳои дигар дод.

Ҳамин тавр, бар асоси ин фармон, ки баробари имзо шуданаш ба иҷро даромад, замони будубош, сабти ном, замони эътибори патенту корти муҳоҷират ва дигар асноди шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бидуни шаҳрвандӣ аз 15 март то 15 июн тамдид карда мешавад. Дар ин муддат ҳатто депорт ва ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ мутаваққиф карда мешавад.

Тибқи ин фармон, ҳамаи муҳоҷироне, ки то 15 март дар Русия патенту сабти ном ва корти муҳоҷират ё виза доштанд, замони эътибори ин санадҳояшон то 15 июн ба таври автоматӣ тамдид карда мешавад ва дар ин муддат онҳо набояд дигар барои тамдиди замони сабти ном ё патент навбат бипоянд ва пул супоранд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (489)
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, кумакпулӣ, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ