15:05 19 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Международная торговая ярмарка СУГД 2019

Ғиёсӣ: мушкили амниятӣ садди иқтисод аст, аммо на байни Афғонистону Тоҷикистон

© Sputnik / Стас Этвеш
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
146 0 0

Масъули тиҷоратии сафорати Афғонистон мегӯяд, мушкили амниятӣ дар ҳама ҷо таъсири худро ба равобити тиҷоратӣ дорад, аммо дар равобити Афғонистону Тоҷикистон он нигароникунанда нест

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Дар намоишгоҳи 6-уми байналмиллалии савдо “Суғд-2019” дар Хуҷанд барои аввалин бор намояндаҳои тиҷоратии Афғонистон дар қатори масъулони расмии соҳаи савдои кишварҳои Русия, Белорусия, Қазоқистону Қирғизистон ва Муғлистону Узбакистон ширкат карданд.

Фаёзиддин Ғиёсӣ, роҳбари дафтари тиҷоратии сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи нақши баргузории намоишгоҳи байналмиллалии савдо ва масоили амниятӣ суҳбат кард.

Ғиёсӣ таъкид кард, ки баргузории ин қабил намоишгоҳҳо дар маҷмӯъ барои фаъолиятҳои иқтисодӣ ва барномарезии тиҷоратӣ аҳамияти зиёд дорад.

“Намоишгоҳи савдо “Суғд-2019”, ки дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузор шудааст, метавонад тавлидоти Тоҷикистонро ба кишварҳои ҳамсоя ба шумули Афғонистон муаррифӣ бикунад ва дар тавсияи содирот миёни Тоҷикистон ва Афғонистону дигар кишварҳо кӯмак карда метавонад”,-гуфт Ғиёсӣ.

Хатлон маҳсулоташро ба Русия, Қазоқистон, Афғонистон ва Украина содирот мекардааст

lРоҳбари бахши тиҷоратии сафорати Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Душанбе зикр намуд, ки ҳоло робитаи Афғонистону Тоҷикистон дар сатҳи васеъ буда ва ҳаҷми солонаи тиҷорат ба 100 милион доллар баробар будааст.

Ба гуфтаи оқои Ғиёсӣ бо ин рақам аз Тоҷикистон ба Афғонистон семент, чӯб, оҳанолот, маводи ғизоӣ ва дигар амвол содирот мешавад ва аз Афғонистон ҳам биринҷу дигар меваҷоти фаслӣ ворид мешавад.

Фаёзиддин Ғиёсӣ дар боби мушкили амниятии Афғонистон зикр кард. Ӯ гуфт мушкили амниятӣ таъсири худро болои рушди тиҷоратӣ дар ҳама ҷо мегузорад, аммо ин нигаронӣ миёни Афғонистону Тоҷикистон он қадар зиёд нест, ки монеаи тавсеаи равобити тиҷорӣ бошад.

Фаёзиддин Ғиёсӣ гуфт дар форуми байналмиллалии савдо “Суғд-2019” дар Хуҷанд соҳибкорони кишвараш ширкат доранд ва дар назар аст, ки барои рушди фаъолияти тиҷории худ дар соҳаҳои мухталиф бо соҳибкорони Тоҷикистон аҳду санадҳои ҳамкориро рӯи даст гиранд.

Мавзӯъҳои асосӣ