15:44 21 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.69
  • RUB0.14
Акс

Занҳои муваффақи мусалмон: шахсиятҳои машҳуре, ки ҳиҷобпӯшанд

Гирифтани линки кӯтоҳ
79310
  • Тарроҳи ҳиҷобпӯш Имон Алдабе
  • Ибтиҳаҷ Муҳаммад аввалин занест, ки дар бозиҳои Олимнӣ бо ҳиҷоб иштирок намудааст.  Вай дар бозиҳои Олимпии соли 2016 дар шамшербозӣ соҳиби медали нуқра гаштааст
  • Далии Могахед, ҳамчун зани мусалмоне машҳур шуд, ки сазовори вазифаи баланд шуд. Барак Обама, раисҷумҳури собиқи Амрико ба ӯ дар Шӯрои машваратии махсус доир ба масъалаҳои динӣ дар Амрико вазифа дод
  • Айшат Қодирова – духтари бузурги роҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров бисёр боистеъдод аст.Вай дар хонаи муди Firdaws, ки модараш таъсис додааст, кору фаъолият мекунад.
  • Ҳалима Аден - ягона модели ҳиҷобпӯш дар ҷаҳон, ҳангоми аксбардорӣ барои маҷалаи Modanisa.
  • Малала Юсуфзай – фаъоли ҳуқуқи башар аст.   Вай, духтаре аз водии ошӯбзадаи Своти Покистон, ки дар ҳамагӣ 16 соли умраш як зидангии пуршӯреро алакай таҷриба кардааст
  • Ҳунарманди эронӣ Лайло Ҳотамӣ, барои машҳур буданаш борҳо зери ҳамлаи ҳамватонанаш шудааст. Аммо новобаста аз танқиду ҳамлаҳо Лайло дар тамоми ҷаҳон машҳур шудааст
  • Тавакул Карман, ҳомии ҳуқуқи башар аз Уммон, дорандаи ҷоизаи сулҳи Нобел
Тарроҳи ҳиҷобпӯш Имон Алдабе

Дар ҷаҳон занҳои зиёде пайдо шуданд, ки новобаста аз мушкилоти пеш омада, фишори ҷомеа ва шароити зиндагӣ муваффақ мебошанд

Ин занҳо намунаи он мебошанд, ки то чи андоза зани мусалмон метавонад қавӣ, доно, меҳрубон ва боҷуръат бошад.

Тарроҳи ҳиҷобпӯш Имон Алдабе, духтари имоме мебошад, ки решаҳои урдунӣ дорад. Вай дар шаҳри Стокҳолм дар оилаи мазҳабӣ бузург шудааст. Дар ҷавониаш орзӯи либосҳои гуногун доштааст. Либосу рӯсарии якранга ӯро ғамангез мекардааст.

Вақте, ки бузург шудааст, ӯ ба тарроҳии либосҳои худ оғоз кард. Инчунин вай бар зидди маҳкум намудани занони мусалмоне, ки ҳусни худро рангу бор мекарданду думболи муд мегарданд, мубориза мебарад.

Далии Могахед, шаҳрванди Амрикоии мисритабор ҳамчун зани мусалмоне машҳур шуд, кисазовори вазифаи баланд шуд. Барак Обама, раисҷумҳури собиқи Амрико ба ӯ дар Шӯрои машваратии махсус доир ба масъалаҳои динӣ дар Амрико вазифа дод.

Вай инчунин муаллифи китобе бо номи “Кӣ аз номи Ислом ҳарф мезанад? Дар бораи чӣ милионҳо мусалмонон фикр мекунанд”,  ки аз зиндагии милионҳо мусалмонон дар 35 кишвари дунё нақл мекунад,  мебошад.

Ибтиҳаҷ Муҳаммад, аввалин занест, ки дар бозиҳои Олимнӣ бо ҳиҷоб иштирок намудааст.  Вай дар бозиҳои Олимпии соли 2016 дар шамшербозӣ соҳиби медали нуқра гардид.

Айшат Қодирова – духтари бузурги роҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров бисёр боистеъдод аст. вай дар хонаи муди Firdaws, ки модараш таъсис додааст, кору фаъолият мекунад. Вай алакай барои занҳои мусалмон либосҳои офаридаи худро пешниҳод намудааст.

Ҳалима Аден - ягона модели ҳиҷобпӯш мебошад. Ӯ дар ҳоли ҳозир ҳамагӣ 19 сол дорад ва мутахассисон аз ояндаи дурахшонӣ вай сӯҳбат мекунанд.

Ҳалима ба тамоми ҷаҳон собит кард, ки барои нишон додани зебогии зан, урён будан лозим нест.

Малала Юсуфзай – фаъоли ҳуқуқи башар аст.  Вай, духтаре аз водии ошӯбзадаи Своти Покистон, ки дар ҳамагӣ 16-соли умраш як зидангии пуршӯреро алакай таҷриба кардааст.

Малола, ки ҷоизаи байналмилалии кӯдакон барои сулҳ дар соли 2013 ва ҳам ҷоизаи имсолаи ба номи Анна Политковскаяро ба даст овард.

Ҳунарманди эронӣ Лайло Ҳотамӣ, барои машҳур буданаш борҳо зери ҳамлаи ҳамватонанаш шудааст. Аммо новобаста аз танқиду ҳамлаҳо Лайло дар тамоми ҷаҳон машҳур шудааст.

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ