Зебо ва мудерн: Душанбеи ояндаро дар аксҳо бубинед

Обуна шудан
Шаҳри Душанбе рӯзи 21 апрел 94-сола мешавад. Симои пойтахти Тоҷикистон дар солҳои наздик зебо ва мудерн хоҳад шуд

Душанбе-шаҳри муосир пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дили ин кишвар ҷой гирифтааст.

Таҳти раҳбарии Рустам Эмомалӣ Душанбе ба шаҳри муосиру зебо табдил ёфта истодааст.

Мувофиқи нақшаи нави генералӣ ҳудуди пойтахти Тоҷикистон  тақрибан ду баробар фарох мешавад: аз 12,7 то 22,2 ҳазор гектар.  Бар асоси нақшаи пешниҳодкардаи Кумитаи сохтмону меъморӣ то соли 2040 масоҳати Душанбе аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳри Ваҳдат  ва Ҳисор  бештар хоҳад шуд.

Президент гуфт, ҳудуди Душанбе аз ҳисоби ноҳияи Рӯдакӣ 8 ҳазор гектар васеъ мешавад

Тарҳҳои тасдиқшудаи Душанбе дар саҳифаи меъмории Душанбе дар Facebook нашр шудааст.

Назаре ба таърихи пайдоиши Душанбе

Душанбе моҳи октябри соли 1924, вақте Ҷумҳурии Шӯравии мардумии Бухоро барҳам хӯрда, Ҷумҳурии ҳанӯз мухтори Тоҷикистон дар ҳайати Узбакистон таъсис ёфт, ба ҳайси пойтахти Тоҷикистони навбунёд пазируфта шуд. Раҳбарии шаҳри Душанберо аз соли 1996 то соли 2017 Муҳаммадсаид Убайдуллоев бар ӯҳда дошт.

Аз соли 2017  Рустам Эмомалӣ раиси пойтахт аст.

Барои Рустами Эмомалӣ нақшаи нави шаҳрсозӣ омода шуд

Таърихи Душанберо аз асрҳои миёна ба ин сӯ ҳисоб мекунанд. Бозёфтҳои археологӣ дар ҳудуди Душанбе ҳокист, ки нахустин шаҳраки бостонӣ дар ин қаламрав ҳанӯз дар асри 3 ё 4 то милод, яъне дар аҳди Кӯшониён арзи ҳастаӣ кардааст. Нахустин бор исми рустои Душанбе дар маъхазҳои катбии таърихӣ дар соли 1676 зикр шудааст.

Дар он маъхаз гуфта мешуд, ки Душанбе дар як чорроҳаи бузурги корвонгузар бино шуда, ҳар рӯзи душанбе дар қаламраваш бозор баргузор мешуд ва ба ҳамин далел ин номро гирифтааст. Душанбе дар он аҳд рустое иборат аз 500 ҳавлӣ ва тақирбан 8000 аҳолӣ будааст. Дар як маъхази соли 1826 исми ин минтақа ҳамчун Душанбе-Қӯрғон зикр шудааст.

Бори аввал исми Душанбе дар харита соли 1875 роҳ ёфтааст. Дар он давр ин шаҳр қалъае дар болои соҳили рӯди Душанбе бо 10 000 аҳолӣ тасвир мешуд. Маҳаллаҳои шаҳр бар асоси касбу қавми сокинонаш тақсим мешуд. Маркази ҳаёти иҷтимоии Душанбе корвонсарой буд. Дар 14 масҷиди шаҳр мактабҳо амал мекарданд. Душанбе ду мадраса ҳам дошт.

Душанбе он замон ба аморати Бухоро тааллуқ мегирфтв а соли 1920, вақте амири охирини Бухоро Олимхони Манғит ба ҳаминҷо паноҳ овард, вале таҳти фишори ҳамлаи Артиши сурх фиор кард. Моҳи феврали соли 1922 Душанберо босмачиҳо ба раҳбари генерали турк Анвар-пошо тасарруф карданд, вале 14 июли ҳамон сол коммунистҳо дубора парчами Шӯравиро бар фарози шаҳр барафрохтанд.

Душанбе 16 октябри соли 1924 пойтахти Ҷумҳурии мухтори Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Узбакистон ва соли 1929, баъди мустақил шуданаш аз Тошканд, пойтахти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон эълон шуд. 16 октябри соли 1929, баробар бо эълони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Душанбе номи раҳбари вақти Шӯравӣ Иосиф Сталинро доданд ва он то соли 1961 Сталинобод ном дошт.

© Facebook / Архитектура ДушанбеТарҳи меъмории "Тоҷ" дар Душанбе
Архитектурный проект Корона в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
1/17
Тарҳи меъмории "Тоҷ" дар Душанбе
© Facebook / Архитектура ДушанбеТарҳи азнавсозии "Театри давлатии драммавии ба номи В.Маяковский".
Тарҳи азнавсозии Театри давлатии драммавии ба номи В.Маяковский.  - Sputnik Тоҷикистон
2/17
Тарҳи азнавсозии "Театри давлатии драммавии ба номи В.Маяковский".
© Facebook / Архитектура ДушанбеТарҳи кӯчаи Соҳилӣ, аз кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ то маркази савдои "Ёвар"
Тарҳи кӯчаи Соҳилӣ, аз кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ то маркази савдои Ёвар - Sputnik Тоҷикистон
3/17
Тарҳи кӯчаи Соҳилӣ, аз кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ то маркази савдои "Ёвар"
© Facebook / Архитектура ДушанбеТарҳи кӯчаи Соҳилӣ, аз кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ то маркази савдои "Ёвар"
Тарҳи кӯчаи Соҳилӣ, аз кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ то маркази савдои Ёвар - Sputnik Тоҷикистон
4/17

5/17

6/17

7/17
Тарҳи кӯчаи Соҳилӣ, аз кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ то маркази савдои "Ёвар"
© Facebook / Архитектура ДушанбеТарҳи азнавсозии "Театри давлатии драммавии ба номи В.Маяковский".
Тарҳи азнавсозии Театри давлатии драммавии ба номи В.Маяковский.  - Sputnik Тоҷикистон
8/17
Тарҳи азнавсозии "Театри давлатии драммавии ба номи В.Маяковский".
© Facebook / Архитектура ДушанбеТарҳи боғи 800-солагии Маскав, назди театри Опера ва балети ба номи С.Айни.
Тарҳи боғи 800-солагии Маскав, назди театри Опера ва балети ба номи  С.Айни - Sputnik Тоҷикистон
9/17
Тарҳи боғи 800-солагии Маскав, назди театри Опера ва балети ба номи С.Айни.
© Facebook / Архитектура ДушанбеТарҳи боғи 800-солагии Маскав, назди театри Опера ва балети ба номи С.Айни
Тарҳи боғи 800-солагии Маскав, назди театри Опера ва балети ба номи  С.Айни - Sputnik Тоҷикистон
10/17
Тарҳи боғи 800-солагии Маскав, назди театри Опера ва балети ба номи С.Айни

11/17
Тарҳи боғи 800-солагии Маскав, назди театри Опера ва балети ба номи С.Айни
© Facebook / Архитектура ДушанбеТарҳи тарабхоаи бразилии Latino, бо коркарди ширкати Cool design. Ин тарҳ бо охирин навгониҳои соҳаи меъморӣ омода шуда, барои 150 ҷои нишаст пешбинӣ шудааст.
Тарҳи тарабхоаи бразилии  Latino, бо коркарди  ширкати Cool design - Sputnik Тоҷикистон
12/17
Тарҳи тарабхоаи бразилии Latino, бо коркарди ширкати Cool design. Ин тарҳ бо охирин навгониҳои соҳаи меъморӣ омода шуда, барои 150 ҷои нишаст пешбинӣ шудааст.
© Facebook / Архитектура ДушанбеТарҳи сохтмонҳои замонавӣ дар кӯчаи Айнӣ-мувофиқи нақшаи Генералии шаҳри Душанбе.
Тарҳи сохтмонҳои замонавӣ дар кӯчаи Айнӣ-мувофиқи нақшаи Генералии шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
13/17
Тарҳи сохтмонҳои замонавӣ дар кӯчаи Айнӣ-мувофиқи нақшаи Генералии шаҳри Душанбе.
© Facebook / Архитектура ДушанбеТарҳи сохтмонҳои замонавӣ дар кӯчаи Айнӣ-мувофиқи нақшаи Генералии шаҳри Душанбе
Тарҳи сохтмонҳои замонавӣ дар кӯчаи Айнӣ-мувофиқи нақшаи Генералии шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
14/17
Тарҳи сохтмонҳои замонавӣ дар кӯчаи Айнӣ-мувофиқи нақшаи Генералии шаҳри Душанбе
© Facebook / Архитектура ДушанбеТарҳи сохтмони бисёрсоҳавӣ дар кӯчаи С. Айнӣ дар назди тарабхонаи "Hilton".
Тарҳи сохтмони бисёрсоҳавӣ дар кӯчаи С. Айнӣ дар назди тарабхонаи Hilton - Sputnik Тоҷикистон
15/17
Тарҳи сохтмони бисёрсоҳавӣ дар кӯчаи С. Айнӣ дар назди тарабхонаи "Hilton".
© Facebook / Архитектура ДушанбеТарҳи боғи "Кӯли ҷавонон" дар ноҳияи Исмоили Смомонӣ.
Тарҳи боғи Кӯли ҷавонон дар ноҳияи Исмоили Смомонӣ - Sputnik Тоҷикистон
16/17
Тарҳи боғи "Кӯли ҷавонон" дар ноҳияи Исмоили Смомонӣ.
© Facebook / Архитектура ДушанбеТарҳи боғи "Кӯли ҷавонон" дар ноҳияи Исмоили Смомонӣ.
Тарҳи боғи Кӯли ҷавонон дар ноҳияи Исмоили Смомонӣ - Sputnik Тоҷикистон
17/17
Тарҳи боғи "Кӯли ҷавонон" дар ноҳияи Исмоили Смомонӣ.
Лентаи хабарҳо
0