14:20 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Акс

Беҳтарин лаҳзаҳо аз бозии ниҳоӣ барои "Ҷоми Нур" дар Маскав: аксҳо

Гирифтани линки кӯтоҳ
70610
  • Ҷоми Нур сабқати футбол дар Маскав
  • Ҷоми Нур сабқати футбол дар Маскав
  • Ҷоми Нур сабқати футбол дар Маскав
  • Ҷоми Нур сабқати футбол дар Маскав
  • Ҷоми Нур сабқати футбол дар Маскав
  • Ҷоми Нур сабқати футбол дар Маскав
  • Ҷоми Нур сабқати футбол дар Маскав
  • Ҷоми Нур сабқати футбол дар Маскав
  • Ҷоми Нур сабқати футбол дар Маскав
  • Ҷоми Нур сабқати футбол дар Маскав
  • Ҷоми Нур сабқати футбол дар Маскав
  • Ҷоми Нур сабқати футбол дар Маскав
  • Ҷоми Нур сабқати футбол дар Маскав
  • Ҷоми Нур сабқати футбол дар Маскав
  • Ҷоми Нур сабқати футбол дар Маскав
  • Ҷоми Нур сабқати футбол дар Маскав
© Sputnik / Стас Этвеш
Дар Маскав сабқати футбол барои дарёфти "Ҷоми Нур" баргузор шуд. Имсол дар ин мусобиқа 17 даста ширкат карданд.

Дар Маскав сабқати футбол барои дарёфти "Ҷоми Нур" баргузор шуд. Имсол дар ин Қаҳрамонӣ 17 даста рақобат карданд

Барои ҷои сеюм футболбозони дастаҳои "Луч" (Рӯшон) ва варзишгарони тими "Интер" (Шуғнон) рақобат карданд.

Ҳисобро дар дақиқаи 41-ум, бозигари ҷавони дастаи "Интер" Мубориз Бозичаев кушод. То охири сабқат дастаи "Интер" боз як голи дигарро вориди дарвозаи рақибон кард. 

Чунин менамуд, ки пирӯзӣ насиби дастаи "Интер" мешавад, вале футболбозони дастаи "Луч" дар давоми камтар аз се дақиқа ба дарвозаи рақибон ду гол ворид карданд.

Дар охир ба кӯшишҳои бозигарони дастаи "Луч" нигоҳ накарда, тими "Интер" бо ҳисоби 4-3 бар рақибонаш пирӯз шуд.

Пас аз танаффуси начандон зиёд, даври ниҳоии бозии футбол миёни дастаҳои "Энергетика"-и Шуғнон ва "Алмаз" - и Шоҳдара баргузор шуд.

То оғози бозии ниҳоӣ ҷойҳои холии майдон ҳама пур шуд, ҳатто мухлисони хоболуд низ, ба хотири рақобати диданӣ бедор шуданд.

Бозигарони ҳарду даста ҳам, бо тамоми қувва вориди майдон шуданд.

Дар дақиқаҳои аввали бозӣ бозигарони дастаи Шоҳдара ба дарвозаи рақибон гол заданд.

Вале шодии ҳаводорони дастаи "Алмаз" дер давом накард, чун дар давоми 3-4 дақиқаи баъдӣ бозигарони тими "Энергетика" ба дарвозаи рақибон 3 гол ворид карданд.

Вале бозигарони дастаи "Алмаз" низ тӯбро хуб идора мекарданд ва голзани беҳтарини Қаҳрамонӣ - Исмоил Сомон, ба дарвозаи рақибон ҳуҷум карда, як гол ворид кард.

Ҷғшу хурӯши бозигарон ба муноқишаи лафзӣ ва баъдан муштзанӣ овард.

Ин замон мухлисон ҳаяҷонзада шуда буданд, чун то охири сабқат дақиқаҳои башумор монда буд. Ниҳоят сабқати футбол бо ҳисоби 6:2 ба фоидаи дастаи "Энергетика" анҷом ёфт.

Ҳини анҷоми бозӣ мухлисон ба майдон даромада, ба табрики футболбозон шитофтанд. "Ҷоми Нур" ва мукофоти пулию медалҳо ҳама насиби бозигарони дастаи "Энергетика" шуд.

Барчаспҳо:
ҷои аввал, пирӯзӣ, гол, футбол, Русия, Маскав

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ