22:45 26 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.16
  • Шоҳзода Гарри ва Меган Маркл тасмим гирифтаанд, ки аз мақоми аъзои оилаи шоҳона будан ва ҳамзамон аз  имтиёзҳои марбута даст бикашанд
  • Тасмими гирифтаи шоҳзода Гаррӣ ва ҳамсари ӯ Меган Маркл дар таърихи шоҳигарии ин хонавода бесобиқа аст
  • Ҳадс зада мешавад, ки шоҳзода Гаррӣ ва Меган Маркл ба шаҳри Сааничи Канада кӯч мебанданд
  • Шаҳри Сааничи Канада. Макон барои бозии голф
  • Гвардияи соҳилии Канада дар Сааниче Шимолӣ
  • Ҷазираи Виктория, Канада
  • Дар робита ба тасмими гирифтаи шоҳзода, Малика Элизабет II шӯрои фавриро ташкил намуд, то  вазифаҳои навро барои шоҳзода Гарри ва Меган Маркл муайян кунанд
  • Дарвозаи кӯшке, ки шоҳзода Гаррӣ ва Меган Маркл дар он ҷо зиндагӣ мекарданд
© REUTERS / Kevin Light
Шоҳзода Гарри ва Меган Маркл тасмим гирифтаанд, ки аз мақоми аъзои оилаи шоҳона будан ва ҳамзамон аз имтиёзҳои марбута даст бикашанд

Шоҳзода Гарӣ ва ҳамсари ӯ Меган Маркл тасмим гирифтаанд, ки аз вазифаҳои шоҳигарии худ даст кашанд ва ҳамзамон қасри Букенгемскиро низ тарк мекунанд

Ҳафтаи гузашта шоҳзода Гаррӣ ва ҳамсари ӯ Меган Маркл эълом намуданд, ки аз мақоми аъзои хонаводаи шоҳигарӣ будан, даст мекашанд.

Ҳамчунин шоҳзода изҳор намудаст, ки аз тамоми имкониятҳое, ки ин хонаводаи мӯътабар  бархӯрдоранд, даст мекашад.

Бояд гуфт, ки тасмими гирифтаи шоҳзода Гаррӣ дар таърихи хонаводаи онҳо бесобиқа аст.

Зимнан, пас аз эълони тасмими мазкур Малика Елизавет II шӯрои фавриро таъсис дод, то вазифаҳои ҷадиди шоҳзода Гаррӣ ва Меган Марклро муайян намоянд.

Гуфта мешавад, Малика Елизавет II пас аз анҷоми шӯро, тасмими гирифтаи шоҳзода Гаррӣ ва ҳамсари ӯро ҷонибдорӣ кардааст вале изҳор намудаст, ки онҳоро аз хизматрасонии муҳофизон низ маҳрум мекунад.

Зеро, харҷи ҳифозати шабонарӯзии онҳо ба 80 миллион рубл баробар аст.

Интизор меравад, дар ояндаи наздик ҷойгузини онҳо муайян мегардад.

Барчаспҳо:
акс, Канада

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ