14:48 07 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Акс

Пандемия монеъ нашуд: харидуфурӯш дар чайқовбозор бидуни ниқобу фосилаи иҷтимоӣ - акс

Гирифтани линки кӯтоҳ
437 0 0
  • Дар ин бозор маъмулан ашёи рӯзғор ба фурӯш бароварда мешавад
  • Фурӯшандаҳо метавонанд ба якбора аз пойафзол сар карда то дучархаю дигар аҳшёҳои заруриро пешкаши харидорон намоянд
  • Аксар нуқтаҳои фурӯш зери чатри аз офтоби сӯзон паноҳ шуда ҷой гирифтаанд, вале фурӯшандаҳое низ вомехӯранд, ки бидуни паноҳ бурдан аз офтоб ба хариду фурӯш машғуланд
  • Ин бозор пайваста серодам аст.
  • Аз ҳама беш дар ин бозор либосу пойафзол фурӯхта мешавад
  • Сокинони ба гармии тоқатфарсо нигоҳ накарда барои харид кардан ба ин бозор мебиёянд
  • Рияо шудани фосилаи иҷтимоӣ дар ин бозор қариб ғайриимкон аст
  • Фурӯшандаҳо  новобаста ба гармии тоқатфасо ниқобпӯш мебошанд
  • Аксари харидорон бошад бидуни пӯшидани ниқоб бо фурӯшандаҳо сӯҳбат мекунанд ва мол мехаранд
  • Аксари харидорон фосилаи иҷтимоиро тамоман риоя намекунанд
© Sputnik / Амир Исаев

Чайқовбозор дар замони пандемияи коронавирус дар Тоҷикистон чӣ гуна сурат мегиранд ва то чӣ андоза харидоронро сарҷамъ мекунад. Вазъи ингуна ярмаркаро аз тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед

Чайқовбозор, ки дар рӯзҳои истроҳатӣ назди роҳи оҳани Тоҷикистон баргузор мешавад, маъмулан серодам аст. Ин ҷо аслан молу ашёи рӯзғор, либосу пойафзол, китобу дафтар ва қисмҳои эҳтиётии мошин ба фурӯш бароварда мешавад.

Бозор чун ҳамагӣ дар як ҳафта ду маротима фаъол аст, аз ин рӯ серодам аст, ҳарчанд замони пандемияи коронавирус бошад ҳам. Миёни издиҳоми харидорон ҳатто нафароне ба чашм мехӯранд, ки бидуни ниқоби тиббӣ дар миёни мардум гашту гузор доранд.

Арӯсиҳои замони коронавирус: бӯсуканор тариқи ниқоб - Акс

Гузашта аз ин риоя намудани фосилаи иҷтимоӣ низ дар чунин макони сермағал қариб ғайриимкон аст.

Аммо,  бояд қайд намуд, ки фурӯшандаҳои ин бозор новобаста ба гармии тоқатфарсо ниқобпӯш ҳастанд.

Барчаспҳо:
акс, кӯҳнабозор, Душанбе

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ