14:12 24 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Акс

200 ҳазор марг аз COVID дар Амрико: аксҳо аз як иқдоми ғайриоддии поси хотири қурбониён

Гирифтани линки кӯтоҳ
28210
  • Дар Амрико ёди қурбониёни маризии коронавирусро пос доштанд
  • Рӯзи 22 - юми сентябр шумораи қурбониён расман ба 200 ҳазор баробар шуд
  • Аз ин хотир дар хиёбони милли Вашингтон барои поси хотири қурбониён байрақҳои хурди Амрикоро парафшон карданд
  • Аз ҳама беш фавт дар шаҳри Ню - Йорк саб шудааст
  • Зимнан, дар Ню - Ҷерсӣ ва Техас ба қайд гирифта шудааст
  • Ҳадс зада мешавад, ки шумораи қурбониён аз ин рақам зиёдтар бошад
  • Зеро бо сабабҳои номаълум омори бархе аз фавт ва мубталошавии одамонро сабт накардаанд
  • Мутахассисон мегӯянд, эҳтимол то охири сол шумораи қурбониён ба 378 ҳазор расад
© AFP 2020 / WIN MCNAMEE
WASHINGTON, DC - SEPTEMBER 22: American flags at a COVID Memorial Project installation of 20,000 flags are shown on the National Mall as the United States crosses the 200,000 lives lost in the COVID-19 pandemic September 22, 2020 in Washington, DC. The flags are displayed on the grounds of the Washington Monument facing the White House. Win McNamee/Getty Images/AFP

Дар Амрико барои поси хотири қурбониёни маризии коронавирус иқдоми ғайриоддие баргузор намуданд. Рӯзи 22 - юми сентябр шумори умумии қурбониён дар ин кишвар ба 200 ҳазор расид

Фаъолони лоиҳаи COVID Memorial Project ба ёди қурбониёни пандемия иқдоми ғайриоддӣ баргузор карданд. Онҳо дар хиёбони миллии Вашингтон ҳазорон парчамҳои хурди кишварашонро насб карданд.

Омории расмӣ аз фавти маризони коронавирусро Донишгоҳи Ҷонс Хопкинс дар асоси маълумоти мақомоти давлатӣ мунташир намуд. Бар тибқи маълумотҳои ин донишгоҳ, аз ҳама беш фавт аз коронавирус дар шаҳрҳои Ню-Йорк (33.092), Ню-Ҷерсӣ (16.069) ва Техас (15.132) ба қайд гирифта шудааст.

Пешгӯии Трамп амалӣ мешавад? фавти 865 маризи коронавирус дар Амрико давоми як шабонарӯз

Мутобиқи Маркази назорат ва пешгирии бемориҳо (CDC), зиёда аз 70 фоизи қурбониёни вирус аз 65 - солаболо мебошанд.

Ба гуфтаи коршиносон, рақамҳои воқеӣ метавонанд аз ин ҳам баландтар бошанд.

Донишкадаи тандурустии Донишгоҳи Вашингтон пешгӯӣ мекунад, ки шумораи кушташудагон аз коронавирус дар ИМА то охири сол ба 378 000 нафар мерасад.

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ