13:41 24 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Акс

Даргириҳои шадид дар Қарабоғи Кӯҳӣ: даҳҳо нафар аз ду ҷониб куштаву захмӣ шуданд - акс

Гирифтани линки кӯтоҳ
851 0 0
  • Сокинони Қарабоғи Кӯҳи шаби гузаштаро дар таҳхонаҳо рӯз карданд
  • Сарбози артиши Озарбойҷон дар Боку
  • Мошинҳои боркаши артиши Озарбойҷон дар Боку
  • Даргириҳои шадид дар Қарабоғи Кӯҳӣ
  • Тирборон шудани манзили истиқоматӣ дар шаҳри Тертери Озарбойҷон
  • Тирборон шудани манзили истиқоматӣ дар шаҳри Тертери Озарбойҷон
  • Макони даргирии шадид миёни ду ҷониб
  • Манзиле дар  Степанакерти Қарабоғи Кӯҳӣ , ки аз тирпарронӣ валангор шуд
  • Ихтиёриён барои супоридани хун дар дармонгоҳи ба номи Р.Йолян саф кашиданд
  • Манзили чандин сокинон аз даргириҳои шадид осеби сахт диданд
  • Дар баробари кушта шудани даҳҳо нафар шумораи зиёди одамон ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд
© AP / Armenian Foreign Ministry
Сокинони Қарабоғи Кӯҳи шаби гузаштаро дар таҳхонаҳо рӯз карданд

Низоъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ рӯзи 27 сентябр боз авҷ гирифт. Боку ва Ереван якдигарро дар авҷ гирифтани вазъ айбдор мекунанд

Субҳи рӯзи якшанбе, вазорати дифоъи Озарбойҷон эълом кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон ба маҳалҳои аҳолинишини хатти тамос дар Қарабоғ тирандозӣ кардаанд.

Ҳарду ҷониб якдигарро дар шиддат гирифтани мухолифат муттаҳам карданд. Ин даргирӣ миёни аҳолии осоишта низ маҷруҳ ва ҳалокшудаҳо барҷой гузошт.

Дар Ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғ хабар дода шуд, ки шаҳракҳои осоиштаи Қарабоғ, аз ҷумла пойтахт Степанакерт тирборон карда шуданд, мақомот аз мардум дархост намуданд, ки дар мавзеъҳои амнтар пинҳон шаванд.

Чаро гуфтугӯҳо аз иттиҳоди Осиёи Марказӣ афсонае беш нестанд

Роҳбари ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғи куҳӣ ҳолати низомӣ эълон кардааст. Ҳукумати Арманистон низ дар кишвар ҳолати низомӣ эълон намудааст.

Вазорати умури хориҷии Русия тамоми талошашро равона мекунад, то мухолифати мусаллаҳона миёни Озарбойҷону Арманистон бартараф карда шавад

То ҳол ҷонибҳоро борҳо ба қатъи даргириҳои мусаллаҳона даъват карда буданд. Аз ҷумла бо чунин даъватҳо ба ҷониби Арманистону Озорбойҷон намояндагони Австрия, Фаронса, Олмон, Гурҷистон ва инчунин намояндаҳои Шӯрои Аврупо, СААД ва САҲА муроҷиат карда буданд.

Ба ҷонибҳои даргир инчунин Попи Рум зимни мавъизаи анъанавияш муроҷиат намуда, даъват кард, ки қадамҳои мушаххас сӯи бародарӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда бидуни истифода нерӯ, гузошта шавад.

Барчаспҳо:
акс, даргирӣ, Қарабоғи Кӯҳӣ

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ