21:42 15 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Реджеп Тайип Эрдоган. Архивное фото

Ҳамсари Қувватов аз Эрдуғон хост, шавҳарашро ба Тоҷикистон надиҳад

© Sputnik / Алексей Никольский
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
11 0 0

Хонум Ҳофизова тайи як номи кушод ин хоҳишро аз Эрдуғон карда, дар идомаи номааш менависад, ки “агар Қувватов бо ҳамроҳонаш ба Тоҷикистон истирдод шавад, дучори азияти сангину марг хоҳад шуд”.

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Ҳамсари Умаралӣ Қувватов Қумриниссо Ҳафизова, аз раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон хоҳиш кардааст, ки барои раҳоии шавҳараш ва ҳамроҳони ӯ мусоидат кунад, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Хонум Ҳофизова тайи як номи кушод ин хоҳишро аз Эрдуғон карда, дар идомаи номааш менависад, ки "агар Қувватов бо ҳамроҳонаш ба Тоҷикистон истирдод шавад, дучори азияти сангину марг хоҳад шуд".

"Айни ҳол, мо дар шаҳри Истанбули кишвари Туркия иқомат дорем ва субҳи 19-уми декабри соли ҷорӣ, кормандони мақомоти амнияти Туркия, ба хонаи истиқоматии мо ворид гашта, шавҳари ман — Умаралӣ Қувватов ва 3 тарафдори ӯ — Ҳусейн Ашӯров, Сӯҳроб Тураев ва Абдурашид Ҳомидовро бо худ бурданд. Инак як ҳафта шуд, ки ин чор нафар дар боздоштгоҳи кумитаи амнияти шаҳри Истанбул қарор доранд", — омадааст дар идомаи нома.

Хонум Ҳафизова дар идомаи номааш менависад, "ҳукумати Тоҷикистон бо ҳар роҳу ҳар қиммате истирдоди боздоштшудаҳоро мехоҳад".

Ҳамсари Қувватов дар интиҳои номааш аз президенти Туркия хоҳиш кардааст, ки "шавҳарашро ба Тоҷикистон истирдод накунед".

Қаблан, Умаралӣ Қувватов, раҳбари "Гурӯҳи 24",  ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ аст, дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буд, дар Истанбул бо ҳамроҳонаш аз як боздоштгоҳ ба боздоштгоҳи дигар интиқол ёфтааст ва ба "зудӣ озод хоҳанд шуд".

Мавзуъ

Боздошти Умаралӣ Қувватов дар Истамбул
Барчаспҳо:
хоҳиш, мактуб, боздошт, "Гурӯҳи 24", Эрдуғон, Қумриниссо Ҳафизова, Умаралӣ Қувватов, Истамбул, Туркия

Мавзӯъҳои асосӣ