20:39 21 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Муовини сарвазири Русия Игор Шувалов. Акс аз бойгонӣ

Оё дар ҳақиқат муовини сарвазири Русия ба Тоҷикистон барои ҳалли масъалаи парвозҳо меояд?

© Sputnik / Алексей Никольский
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
9510

Муовини аввали сарвазири ФР Игор Шувалов дар Тоҷикистон оиди ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар мубодилаи афкор мекунад

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik.Ба нақша гирифта шудааст, ки иҷлосияи чордаҳуми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия санаи 27-уми январ баргузор мешавад.

Тоҷикистонро дар гуфтушунид сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Русулзода муаррифӣ мекунад.

Чуноне ки ба Sputnik Тоҷикистон аз дастгоҳи Игор Шувалов хабар доданд, дар Душанбе ҷонибҳо масоили тиҷориву иқтисодӣ ва ҳамкории сармоягузориро дар соҳаҳои энегетика, маориф ва илм, муҳоҷират баррасӣ хоҳанд кард.

Ҳаракатҳои ҳавоӣ байни ду кишвар

Дар Тоҷикистон бар онанд, ки Игор Шувалов бо мақсади ҳаллу фасли масъалаи парвозҳо ба ҷумҳурӣ ташриф меоварад. Ёдовар мешавем, ки дар охирҳои соли 2016 байни Русия ва Тоҷикистон дар масъалаи парвозҳо нофаҳмӣ ба миён омада буд.

Вазорати нақлиёти Русия 22-уми декабри соли 2016  эълон намуд, ки гуфтшунидҳои ҷонибҳо дар ин масъала бе натиҷа ба анҷом расид, барои ҳамин Тоҷикистон иҷозат надод, ки ширакати ҳавоии "Ямал" ба кишвар аз фурудгоҳи Жуковский парвоз ба анҷом расонад.

Дар ҷавоб ба ин иқдоми ҳукумати ҳавоии Тоҷикистон, Москва санаи 23-уми декабр парвози "Сомон Эйр"-ро ба якчанд минтақаҳои Русия манъ  намуд. Баъд аз он аз гуфтушунидҳо ягон мурод ҳосил нагашт.

Ҷоизи қайд аст, шояд ин як тасодуфи оддӣ бошад, аммо якчанд рӯз қабл президенти Тоҷикистон вазири нақлиёти кишварро аз мақомаш барканор кард. Ҳарчанд коршиносони Sputnik Тоҷикистон ин рӯйдодро ба масъалаи ҳавоии ҶТ ва ФР вобастагӣ накунанд ҳам, тағийрот пеш аз сафари Игор Шувалов ба амал омадааст. Ба болои ин, вазири гирифташуда дар баҳси ҶТ ва ФР иститодагарӣ мекард.

Баробари ин манбаи Sputnik Тоҷикистон дар вазорати нақлиёти ҶТ мегӯяд, ки байни Тоҷикистон ва Русия масъалаҳои зиёде ба миён омадаанд, ки ҳалли саравақтиро мехоҳанд, барои ҳамин ҳаракатҳои ҳавоӣ мавзӯи асосии иҷлосияи Комиссияи байниҳукуматӣ нахоҳад шуд.

Барчаспҳо:
баррасии муносибатҳо, Иҷлосияи чордаҳуми Комиссияи байниҳукуматӣ, сафар, Игор Шувалов, Қоҳир Расулзода, Тоҷикистон-Русия

Мавзӯъҳои асосӣ